ҶАВОНОН – ҚИШРИ ОЯНДАСОЗИ КИШВАР
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, яъне пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон доданд.
Ҳар кадом аз бандҳои ин паём дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳар Паёми худ Пешвои муаззами миллатамон ба ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд ва дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумат баҳри некӯаҳволии ҷавонон, баркамолию соҳибмаърифат ва забондон будани онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри ин қишри ояндасоз дастуру супоришҳои дахлдор медиҳанд, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.
Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд ва зикр намуданд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.
Ҷавонон бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ, бо меҳнати содиқона ва иқдомҳои созандаи ватанпарастона, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони асили Пешвои миллат бошанд.
Мо – устодони ДДҲБСТ кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем, ҷавонон донишҳои замонавӣ дошта бошан ва бо интихоби дурусти касб баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи Ватани азизамон саъю талош намоянд.
Албатта, ҷавонони соадатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доранд ва қишри ояндасози кишвар мебошанд.
Хоҷаева Д.А. – дотсент, декани факултети молияи ДДҲБСТ