ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун институти ҳуқуқӣ, заминаи ҳамаҷонибаи қонунӣ дошта, қабл аз ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва он ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа, аз ҷумла тарбияи ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, суботу амнияти ҷомеа ва давлат, дар маҷмўъ, рушди кишвар мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад Президенти кишвар чунин қайд намуданд: «Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд».

Дар ин замина бояд қайд намуд, ки мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баррасии саривақтӣ ва холисонаи парвандаҳои ҳуқуқиро ба роҳ монда қарорҳои қонуниву асоснокро қабул намояд, ки он барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шуда бошад.

Мақоми махсус доштани мақомоти прокуратураи кишварамон, ки ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ѓайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин, назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи андозу гумрук, нақлиёту бонкӣ, обу энергетика, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузорӣ оид ба замин, шаҳрсозӣ, манзил, меҳнат, муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, баррасии пурраву ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва қонеъ намудани талаботи қонунии онҳо ва ѓайра дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамчунин, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҳар нимсола оид ба иҷрои Қарори зикргардида ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод созад.

Бо мақсади рушди институти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳо манзур шудаанд.

1) Олимону муҳаққиқони ватаниро зарур аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назари илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва дигар илмҳо таҳлилу баррасӣ карда, роҷеъ ба мазмуну моҳият ва аҳамияти ин падидаи муҳим мақолаҳои илмӣ, асару рисолаҳои бунёдӣ таълиф намоянд.

2) Мақсаду мароми паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, фароҳам овардани  шароити зиндагии арзанда ба ҳар як сокини мамлакат, дар умум, рушду тараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Бинобар ин, роҳбарону масъулин бояд, ки талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт, дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд иҷро намоянд.

3) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, бахусус баъд аз ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ва ворид гардидани таѓйиру иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ як заминаи муҳимеро ба миён овард. Ин ҳам бошад, парламенти дупалатагӣ, мўҳлати ваколати судяҳо, ташаббуси қонунгузории мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Воситов Ҳ.А.дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like