Паёми Пешвои миллат раҳнамои имрўзу фардо
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад ва вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.
Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар фаро гирифта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат нишондиҳандаҳои назаррас ва ҳадафҳои созандаи иҷрогардида дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ва пеш аз ҳама таҳлили серҷонибаи рушду нумӯи кишвар натиҷагирӣ карда шуда, инчунин таҳлили камбудиву норасоиҳои фаъолияти давлат ва ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғози паёми хеш Пешвои муаззами миллат вобаста ба дурнамои рушди иқтисодии кишвар ва нишондиҳандаҳое, ки дар бахши иқтисодии мамлакат бо заҳмату талошҳои пайгиронаи давлату Ҳукумати кишвар ва халқи меҳнатқарину шарафманд, Тоҷикистони соҳибистиқлол ноил гардидааст, суханронӣ намуда, ҷараёни амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунии кишварро матраҳ намуданд.Масъалаи муҳими дигаре, ки дар Паём таъкид гардид, сатҳу сифати иҷрои Барномаи панҷсолаи ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи давра ба давраи он буд.Пешвои муаззами миллат, қайд намуданд, ки танҳо дар се охир бо дарназардошти эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 000 ҳазор иншоотҳои муҳими ҷашнӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар ҳама гӯшаву канори кишвар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар ин маврид таъкид гардид, ки барои муътадилгардонии рушди макроиқтисодӣ, беҳбудии идорашавии иқтисоди кишвар, дигаргунсозиҳои сохторӣ, аз ҷумла ислоҳоти кишоварзӣ, суръатбахшии хусусигардонӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аҳамияти аввалиндараҷа ва барҷаста дорад.Дар ин замина, яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи кишвар ба роҳ мондани саноат муайян гардид. Сарвари кишвар ёдрас гардиданд, ки таҷрибаи кишварҳои пешқадами ҷаҳон рукну фишанги асосии рушд будани саноатро собит месозад. Дар шароити Тоҷикистон бе мавҷудияти саноати пешрафта таъмин намудани сатҳи баланди зиндагонии мардум, истиқлолият ва бехатарии иқтисодӣ, ҳалли муваффақиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун аст.
Бо дарнарзардошти аҳамият ва муҳимияти рушди соҳаи саноат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб ёфта, шароити мусоиди корӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам меорад ва дар таъмини рушди иқтисодиёти кишвар ҳиссаи арзишманд дорад, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шуд.
Инчунин, дар баробари баррасии самтҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, ҳамаи ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, бахшҳои маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг, таълиму тарбия, оила, занон, ҷавонон, варзиш, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм, пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанг ва ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва ҳоказо бо дарнарзардошти пешрафт ва камбудиҳои ҷойдошта матраҳ гардиданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки чун ҳарвақта ин навбат низ Пешвои муаззами миллат дар паёми хеш соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидии иҷтимоии кишвар маънидод намуданд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.”
Яъне ҳамаи он дастуру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи маориф ва илми кишвар дар паёми навбатӣ садо доданд, маҳз ба хотири рушди илму маориф дар кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.
Дар асл, Паёми имсола ҳамчун оинаи муваффақияти имрўзу ояндаи кишвар ба инъикоси пешрафтҳои навини кишвари биҳиштосоямон нигаронида шуда, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ нақши ҷавонону варзишгарон низ дар баробари дигар қишри фаъоли ҷомеа дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат назаррас арзёбӣ карда шуд.
Пешвои муаззами миллат зимни паёми имсолаи хеш иброз доштанд, ки «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.
Ҳамзамон ба ҷавонони кишвар таъқид намуданд, ки “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.».
Бале, имрўз ҷавонони саодатманди кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона, маорифпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди ояндаи давлат ва ҳимояи марзу буми кишвари азизамон бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Мо аз паём то паём шоҳиди дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва шукуфоиҳои беназир мегардем, ки дар маҷмӯъ ин ҳама дастовардҳои беназир маҳз бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат рўйи кор омадаанд.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар беназир ва бесобиқа буда, дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои созандае, ки Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ ирбоз доштанд, дар ҳаёти ҷавонон як қатор рўйдодҳои муҳим ва дастовардҳои нав рўи кор омоданд.
Мо дар якҷоягӣ минбаъд низ Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки бо ҳисси баланди ватандўстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем ва содиқ мемонем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшишу талош менамоем.
Муроҷиатномаи Пешвои муаззами миллатро, ки зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд: “…модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”, садоқатмандона сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор медиҳем!
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ