Сулҳи Тоҷикистон абадӣ бод!

Воқеъан, сулҳу истиқлол барои давлати азизамон-Тоҷикистон хеле дастоварди бузург ва волотарин ба шумор меравад. Баъди ҳазорсола боз дубора давлатдории миллӣ 30 сол муқаддам ба даст омад. Лекин, нодидагирони дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯз оғоз намуданд.

Барои хотима додани ин ҷанги ваҳшатнок шахсе лозим буд, ки онро мардум бовар кунанд, оромиро дар пойтахт ва вилоятҳои ҷангзада барқарор намояд, тамоми гурезаҳои халқи тоҷикро ба ватан баргардонад ва Тоҷикистонро аз нестшавӣ раҳоӣ диҳад.

Хушбахтона, ҳамагон бохабаранд, ки дар сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992, чунин шахс, инсоне, ки боиродаву боматонат ва шуҷоъ ба майдони сиёсат қадамҳои устувор гузоштанд Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки  дар андаке муддат мамлакатро аз  несту нобудшавӣ нигоҳ доштанд. Роҳбари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро аз ба эътидол овардани мамлакат ва ба Ватан баргардонидани гурезагони тоҷик оғоз намуданд. Албатта, ин кори саҳл набуд, боварии комил дорем, ки ягон шахсе дигар ин корро карда наметавонист, ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷонашро ба хатар гузошта, ин корро иҷро намуданд. Баъдан ҳамагон медонем, ки хеле корнамоиҳои зиёде карда (ҳамаашро дар ин ҷо намеорем), ниҳоят сулҳи деринтизорро ба ватани азизамон Тоҷикистон оварданд. Зери калимаи “Сулҳ” корнамоӣ ва қаҳрамониҳои зиёди Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳон аст.

Тамоми шаҳрвандони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна расонаҳову хабарҳои беасосу иғвоангез, ки аз ҷониби ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву бегона паҳн мешавад, бовар накунем. Лозим аст, ки ҳамешагӣ ба ин осмони софу беғубори Тоҷикистони азизамон  шукрона кунем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем. Ба хотири ободу зебо гаштани Ватанамон, бо дарки баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ талош варзем. Тоҷикистон ба пеш!

Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир, дотсент                     

You might also like