ПАЁМ ВА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат ибтидо аз бурду бохти 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба мушкилоти сиёсиву иҷтимоии солҳои 90-уми садаи гузашта, сабақи таърихии ҷанги дохилӣ, кӯшишҳо дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои ду даҳсолаи охири самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар андешаронӣ намуданд. Ба андешаи Роҳбари давлат новобаста аз мушкилотҳо дар соли сипаришуда рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин карда шуданд. Певшои миллат дар ин робита зикр намуданд:  «Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт».

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамаи иқдому талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Бо ин мақсад дар кишвар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

Дар ин робита талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат боис гардид, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфт. Дар асоси Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030  сатҳи камбизоатӣ боз ҳам поён бурда шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар карда мешавад. Аммо, дар ёд дошта бошем, ки барои расидан ба чунин нишондиҳандаҳо кӯшишу талоши ҳар шаҳрванд новобаста аз он, ки дар кадом мақоми иҷтимоӣ қарор дорад, муҳим ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи Пешвои миллат соли 2021 дар баробари ҳамаи мушкилотҳои ҷойдошта барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон яке аз солҳои хотирмон буд. Соли 2021 дар кишвар 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба таври хотирмон таҷлил карда шуданд. Ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ садҳо иншоотҳои наву замонавӣ бунёд ёфтанд, ки он боиси бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шудани шаҳрвандон гардид. Ҳамчунин Тоҷикистон дар ин соли таърихӣ раёсатии худро дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар сатҳи баланд пеш бурд ва дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати баланд 20-солагии таъсисёбии созмони мазкур ташкилу баргузор карда шуд.

Пешвои миллат оид ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, сохта ба истифода дода шудани 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳанро муҳимтарин корҳо дар самти баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ унвон намуданд. Воқеан тадбиқи амалии стратегияи мазкур имкон фароҳам овард, ки рафту омади шаҳрвадон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот ба тамоми минтақаҳои кишвар дар чор фасли сол бидуни мамоният сурат гирад.

Муҳимтарин нуктаи дигари Паёми имсолаи Пешво миллат соҳаҳои илму маориф ба ҳисоб меравад. Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи хоса мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола, ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлияи Олии кишвар ироа гардид, нисбат ба ҳар масъалаи дигар мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Пешвои миллат зикр намуданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, Пешвои миллат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Аз омӯзгорон даъват карда шуд, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққат дода, насли наврас ва ҷавононро дар руҳими худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгон тарбия намоянд.

Воқеан бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир таъкидҳои махсус намуданд: «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад». Яъне, ба андешаи Роҳбари давлат забондонӣ ва соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа,  боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар байни аъзоёни ҷомеа мегардад. Бо мисолҳои равшан ишора намуданд, ки бештари хатмкунандагони мактабҳои олӣ забонҳои хориҷиро намедонад, ки он боиси пайдо кардани натавонистани ҷойи кори арзандаи онҳо мегардад. Даъват намуданд, ки дар оянда тамоми хизматчиёни давлатӣ, ваиклони Маҷлиси намояндагон бояд забонҳои русиву англисиро дар сатҳи забони модарӣ донанд. Бори дигар омӯзгорон ва ҷавононро таклиф намуданд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро донанд. Зеро бе забони хориҷӣ дар оянда пешрафт кардани шахс ғайриимкон аст. Дар ин иртибот, Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида пешбинӣ намояд. Ҳамчунни тақозо намуданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва яке аз кишварҳои фаъол дар арсаи байналмилалӣ ҳисобида, иштироки кишварро дар ҳаллу фасли муаммоҳои умумибашарӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сиёсати хориҷӣ унвон намуданд. Тоҷикистон дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ таҷрибаи кофии иштирок ва пешбарӣ намудани ташаббусҳои байналимилалиро касб намуд, ки дар натиҷа чор ташаббуси муҳим ва хусусияти умумибашарӣ доштаи кишвар аз ҷониби аъзои СММ пуштибонӣ ва дар амал табдиқ гардиданд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош намуд, ки на танҳо арзишҳои фархангии қадимаи миллати тоҷик эҳё гарданд, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ онҳо ба таври шоиста барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд. Ҳадафи ин сиёсатро пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, дифоъ аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ дар баробари эҳтиром ба дастовардҳои маънавии халқҳои дигар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ ташкил мекунад. Бо заҳмату талош ва бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд, ба таври намоён муаррифӣ мегардад.

Хулоса,  Паём баробари ҳамчун роҳнамо барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хизмат намудан, ҳамзамон хислати илҳомбахширо дорост. Паёми пешвои миллат ҳар як шаҳрвандонро ба корҳои созандагиву бунёдкории ҷомеа раҳнамоӣ намуда, бо ин восита  барои бештару беҳтар ободу зебо гардидани ватани азизамон замина мегузорад. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад. Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ устувории суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ваҳдату ягонагии мардум омили асосӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу оромӣ расидан ва саҳм гузоштан ба корҳои ободониву созандагии ҷомеа вазифаи ҳар шахси худшиносиву ватандӯст мебошад. Ба қавли Пешвои миллат давлати моро ба ҷуз худамон касе аз бегонагон омада обод намекунад.

Шӯҳрат Саидзода, н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like