ПАЁМ – РАҲНАМОИ ХАЛҚ!

Ироаи Паём ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар рушди босуботи Ватан, таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ,  илм, маориф, фарҳанг ва иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарафманди Тоҷикистон нақши созандаву поянда мегузорад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои нави раҳнамояндаро ба мардуми кишвар манзур намуд. Ба таъбири дигар, дар поёни соли таърихии ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидани Паёми Пешвои миллат воқеан равшангари ин нуқта буд, ки як навъ фаъолияти сисолаи кишвари азизи мо бо ҳама бурду бохти хеш натиҷагирӣ шуд. Дар сароғози Паём Пешвои миллат бо таваҷҷӯҳ ба қудрати зеҳниву ҷисмонии мардум изҳор доштанд, ки воқеан хиради азалӣ ва талошу кўшишҳои халқи тоҷик барои таъмини сулҳу субот ва оромиш, тантанаи ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз ҷанги бародаркуш самараи матлуб ба бор оварданд ва дар натиҷа Тоҷикистон дар ин фосилаи начандон тўлонӣ дар пешорўи таърих ба кишвари пешқадам ва соҳиби эътибори хоса дар низоми сиёсати байналмилалӣ табдил ёфт.

Дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф бори дигар бозгӯи он гардид, ки воқеан маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат мақоми меҳварӣ дорад ва ин нуқта бори дигар бо таъкид бар он ки ҳеҷ як соҳаи хоҷагии халқ бидуни маориф ба пешрафт рў ба рў намешавад, собит гардид. Ғамхориҳои пайваста нисбати пешрафти соҳа ва дастгириҳои аҳли маориф, аз ҷумла боло бурдани музди маоши муаллимон, стипендияҳои донишҷўён ва дигар тадбирҳои муҳим моро водор менамояд, ки бештару пештар дар фикри боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бошем, зеро бидуни пешрафти маориф ягон соҳаи хоҷагии мамлакат ба пешрафт мувоҷеҳ намешавад. Ҳатто агар сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳо боло бардошта нашавад, имконияти расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ, аз ҷумла саноатикунонии кишвар маҳдуд мегардад.

Изҳори нигаронии Пешвои миллат аз сатҳу сифати таҳсил дар макотиби миёна ва олии кишвар бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки тамоми раванди низоми таҳсилот таҳти назорати қатъии роҳбари давлат қарор дорад ва Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷастаи сиёсии маорифпарвар, маърифатофар баҳри ба низомҳои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ гардидани низоми маорифи Тоҷикистон талош доранд. Ҷорӣ намудани усулҳои навтарини таълим, даст кашидан аз равишҳои куҳаншуда, навгароӣ ва навназарӣ дар ҷараёни таълими фанҳои мухталиф, хоса ба роҳ мондани таълими фанҳои дигар бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳои мушаххасе ба шумор мераванд, ки дар назди масъулини соҳаи маорифи мамлакат вазифаҳои бузургеро мегузоранд. Ба андешаи Пешвои миллат, маорифи миллии мо дар ҳоле рў ба рушд ва пешрафт меоварад, ки мо таҳсилотро бо забонҳои дигар, аз ҷумла англисӣ ба роҳ монда, мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои замони муосир тарбия намуда, дастовардҳои маорифи миллии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Зеро Тоҷикистон қариб бо 180 давлати дунё робитаи байналмилаливу дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоратӣ -иқтисодӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо ибрози назар карданд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд, – таъкид доштанд Пешвои миллат.

Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш садо доданд, мо кормандони соҳаи маорифро дар қатори дигар шаҳрвандони кишвар водор месозад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълим талош намоем, то аз ин роҳ барои татбиқи барномаҳои нерўманди давлатӣ, бахусус бистсолаи омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Раҳмонова Н. Р.- муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва телекоммуниктсия 

You might also like