Ҷанбаҳои гумрукии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо баррасии таҳлили баъзе ҷабҳаҳои Паёми охирини Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати фаъолияти гумрукӣ ва нақши он дар таъмини рушди саноатикунонӣ ва ҳамчун натиҷа таъмини рушди иқтисодӣ як қатор ҷиҳатҳоро қайд намудан мумкин аст.
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Тавре ки борҳо зикр намудем, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст.
Ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд, зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.
Аз ин лиҳоз, барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Инчунин, бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд.
Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Илова бар ин, барои соҳа имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар карда шуданд ва дар натиҷа ҳама бахшҳои соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Масалан, дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардид. Воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфт.
Инчунин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.
То замони истиқлолият талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва картошка асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардид. Агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад. Ҳамзамон бо ин, соли 2021 беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем.
Бо ба ҳисоб гирифтани таҳлилҳои болоӣ бояд иброз намуд, ки самаранокии амаликунии фаъолияти гумрукӣ дар таъмини рушди иқтисодӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғл, афзунгардонии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳимоя аз ҳама гунна қонуншиканиҳо ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ басо муҳим аст.
Қосимов З. А. – ассистенти кафедраи хадамоти гумрук