ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

«Ҷавонон бузургтарин нерӯи созандаву бунёдкори тамоми давру замонҳо буданд. Онҳо, воқеан, як навъ пуле маҳсуб мешаванд, ки дар миёни имрӯзиёну пасовандон қарор гирифта, ҳомили ҷаҳонбинӣ, ақоиди ахлоқиву ғоявӣ ва шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд. Маҳз ҷавонон дар аксари самтҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро муайян месозанд. Вазъи иҷтимоиву тамоилҳои ҳаёти ҷавонони имрӯз дар кадом сатҳу ҳолате бошад, фардои ҷомеа низ чунин хоҳад буд».

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва нерӯи бузурги бунёдгару созандаи ҳама давру замон ва ҳар як халқу миллате такя мекунанд ва онҳо боиси рушди давлату бақои ҷовидонаи он мегарданд. Аз ин рӯ, ҳанӯз чанд ҳазор сол муқаддам файласуфи машҳури дунё Арасту навишта буд, ки «… ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад». Аз ин рӯ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони имрӯзуа таваҷҷӯҳи зиёд дода истодаанд.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерўи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллат ҳастанд.  Дар ин росто, мулоқотҳои пайвастаи Пешвои  муаззами миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Роҳбари давлат ба нерўи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ѓамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои зиндагии шоиста тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд.

Яке аз дастоварди беназире, ки давраи тӯли соҳибистиқлолии кишвар барои ҷавонон, баҳри ҳалли мушкилоти ҷавонони Тоҷикистон ба даст омад, ин таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон мебошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ин дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон, худшиносии миллии онҳо саҳми созгор дорад ва мақсади ин Шӯро аз рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҷавонони имрӯзу фардои Тоҷикистон мебошад.

Мегӯянд, ки парчамбардорони ҳар кишвар, ҷавонони бонангу номуси он мебошанд. Саволе бармеояд, ки саҳми ҷавонон дар ин самт чӣ гуна аст? Ҳисси ватандӯстии ҷавонон рӯз аз рӯз баланд гардида истодааст ва ҳар як фарди ҷавони мамлакат эҳсоси ватандӯстии худро бо корҳои наҷиби худ нишон медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҷавонони мамлакат, имрӯзҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Танҳо ба ҷавонон лозим аст, ки аз ин имкониятҳои истифода баранд ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

 

Қаюмов Ф.Ғ.дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like