Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – дастурест раҳнамунсоз

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои хар як шахрванди Точикистон ва умуман точикони дунё дастурест раҳнамунсоз ва Паёми хушнудӣ мебошад.

Санаи 21-уми декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Паёми мазкур ба таври мустақим пахш  гардид, ки дар дохил ва хориҷи кишвар тамоми тоҷикон аз ин Паёми некфол бархурдор гардиданд.

Дар Паёми мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар суханронӣ намуда, махсусан кайд карданд, ки «Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.» Мо чавонон бояд ин гуфтахоро дар зиндаги сармашки хамаруза намуда,  пайравии Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба чахониён нишон дихем.

Мулки мо аз он ободу шукуфон аст, ки мо точикистониён сохибихтиёр хастем ва сулх дар ватани мо побарчост. Сарвари давлати мо дар хама лахзахои хаёти давлати ва чамъияти ба халки худ гамхор буданашонро борхо шохид гаштаем. Имрузхо низ дар як хассосияти чахонро фарогирифта, ки мардумони тамоми дунё азияти ин офатро кашида истодаанд КОВИД 19 мебошад. Оид ба ин масъалаи басо мураккаб Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар Паёми худ чунин кайд намуданд: «Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид».

Паёми имсола ба мисли Паёмҳои дигарсола фоли нек буда, барои халқи тоҷик пешрафт ва ободиро мужда медихад, ки мо тоҷикон дар дастаҷамъи ватани боз ҳам осоиштаву зебову босуботро бунёд мекунем.

Хоҷаева М.  Ҳ. – муаллимаи калони кафедраи забони англисӣ

You might also like