АРЗИШИ ОЛӢ ДОШТАНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР МАДДИ НАЗАРИ АВВАЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ба яке аз масъалаҳои муҳим, Пешвои миллат, доир ба масъалаи боздоштани татбиқи ҷазои қатл қайд карда гузаштанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки назари Пешвои миллат ба инсондустӣ – гуманизм, арзиши олӣ доштану, қадар намудани ҳаёти инсон дида мешавад.

Чӣ тавре ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: «Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд». Мутобиқи моддаи сеюми ҳамин санад «ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад». Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин маънои онро дорад, ки давлат онҳоро дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мустаҳкам менамояд. Ин ҳам бошад баҳри пешгирӣ аз ҷиноят ва ҷинояткорӣ на бо мақсади ғараз ё қасд. Танҳо бо мақсади тарбия намудан. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Асосҳои дар боло зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин масъала соли 2004 ба яке аз масъалаи муҳим ба Пешвои миллат буд, ки то ҳол қатъӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи авф дар ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 17 маротиба Қонун дар бораи авфро қабул намуданд, ки ин ҳам бошад баҳри ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, инсондустӣ ва гиромӣ доштани Конститутсия, ки ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро арзишӣ олӣ меҳисобад дида мешавад.

Аз ҷумла Пешвои миллат дар паёми соли 2021 зикр намуданд, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 170 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифта, аз адои ҷазо озод шуданд. Охирон афв, ки моҳи сентябри соли равон ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ қабул гардид, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин қонун 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.

Илова бар ин бо ин мақсад низ дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Яъне таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсиятро Пешвои миллат вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобида, дар баробари  ин барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс дида мешавад. Зеро ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ ва озодиҳои худро такя ба давлат намуда, ҳуқуқ ба зиндагӣ кардан доранд.

 

Кабирзода Г.Қ. – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like