Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкимбахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат аз зумраи шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, хувияти имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардаанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ бо талошу ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ислоҳоти муҳим ва ҳадафманди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигаргуниҳои муҳимме рўи кор омада, омили асосии рушди пайваста ва босуръати ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони муосир гардиданд.
Таърих исбот намуд, ки талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳонӣ ниҳоят бузург ва саривақтианд. Дар баробари ин, тайи чанд соли истиқлолият мушкилот ва монеаҳои давраи нав бартараф карда шуданд, пойдевори давлати мустақил гузошта шуд, оғози иқдомҳои бузурги бунёдкорона ва дигаргуниҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ ба стратегия ва самти асосии сиёсати давлатӣ мубаддал гардиданд, ки ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат сахт алоқаманд аст.
Қобили таҳсин аст, ки роҳбари хирадманди тоҷикон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо нерўи созанда ва нигоҳи ояндабин мардумро муттаҳид намуда, ваҳдати миллиро дар Тоҷикистони биҳиштосо пойдор гардониданд ва ба шарофати истеъдоди фавқулодаи худ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, роҳи расидан ба сулҳу осоиштагиро муайян намуданд ва бо заҳмату талошҳои худ сулҳу суботи комилро дар мамлакат таъмин гардониданд. Ин муваффақиятҳо маҳсули таҳлилу натиҷагириҳо аз сабақҳои таърихӣ ва таҷрибаи ғании ҷаҳонӣ буда, бо назардошти амалӣ шудани онҳо Тоҷикистон тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардад.
Андешаҳои бунёдкорона, созанда ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо, гузориш ва паёмҳои солона хеле муассир баён гардида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва мақсадҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар, чун раҳнамои асосии пешрафти соҳибистиқлолии мардуми куҳанбунёди тоҷик ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар ҷомеа нақши муассир мегузоранд.
Аз таҷрибаи таърихи давлатдории ҷаҳонӣ маълум аст, ки барои ташаккули ҳар давлату давлатдорӣ нақши паёмҳои роҳбари он мақоми хосаро соҳиб мебошад. Тамоми роҳбарони олимақоми давлатҳои муосир ҳамасола паёмҳои худро ироа менамоянд, ки онҳо ба анъана ва одати байналмиллалӣ мубаддал гаштаанд. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президент мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳнамои мардуми сарбаланди кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳими аҳамияти стратегидошта, ки ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад, мустақиман пешниҳод мегардад.
Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони таваҷҷўҳ ва самимияти хоса ба рушду бақои давлату миллат буда, далолат бар он мекунад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.
21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Лозим ба қайд аст, ки дар Паёми имсолина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрўз нақши Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои ҷаҳонӣ истода гузаштанд.
Аз мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки тамоми дастуру супориш ва талошҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои мардуми Тоҷикистон равона гардида, чун таҳкимбахши иқтидори сиёсӣ-иқтисодии мамлакат, барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрўи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон нақши аввалиндараҷа мебозанд.
Яке аз маъалаҳое, ки дар Паём ироа гардид, ин муаммои Афғонистон маҳсуб меёбад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат, ки иброз намуданд: «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад».
Мо ҷонибдории хешро нисбати ин гуфтаҳо эълон медорем ва илова менамоем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои бонуфўзи айналмилалӣ набояд нисбати масъалаи мазкур бетарафӣ зоҳир намоянд. Ин аст, ки дар ҳама давру замон мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ устувор буда, он ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар ҷаҳон ҷонибдорӣ мекунад ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ пайваста кўшиш намоем, то ки сулҳу амонӣ дар фазои кишвари маҳбубамон ҳамеша танинандоз бошад.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., устоди ДДҲБСТ