Паёми Пешво – дастури беназири фаъолияти мост
Санаи 21 декабри соли 2021 мо, мардуми бошарафи халқи тоҷик тариқи телевизин Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамошо намудем. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт баргузор шуда, беш аз дуним соат идома ёфт.
Паёми навбатии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2021 баён намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар давраҳои оянда, яъне соли 2022 муайян кард. Паёми навбати боиси хушнуди буд, ки мардуми бо нангу номуси тоҷик дастури нав барои кору фаъолияти ояндаи худ – соли 2022гирифт.
Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳои дар даврони истиқлолият, Тоҷикистони биҳиштосои бе мислу монанд, гул гул шукуфон ба даст омада истодааст, гуфта гузаштанд, ки ин дастовардҳо беназир. Инро бояд ҳар яки мо бояд ҳис намоем, бо давлати ҷоноҷонамон ҳамнафас бошем. Дар ҳар Паёми худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуъ, ба сатҳи талаботи замон созгор намудани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии таълим эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Имрӯз ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад ва зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Мо, устодони ДДҲБСТ кӯшиш ба харҷ мебарем, ки мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй тарбия намуда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Атоева М.М., номзади илмњои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ