РОҲ НАДОДАН БА ТАШКИЛИ ГИРДИҲАМОИҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он нафарон ва гурўҳҳо, ки ба ташкили гирдиҳаммоии ғайриқонунӣ ташкил мекунанд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Таърихи пешинаи кишварамон тасдиқкунандаи он аст, ки он бетартибиҳою ҷанги шаҳрвандӣ сабабгораш аз оғози гирдиҳаммоии ғайриқонунӣ мебошад. Мутаасифона аз ин ҳолат гурўҳҳои силоҳбадаст ва ифротиҳо истифода бурда, ба бесарию сомонӣ оварда расонида кўшиш мунамоянд, ки аз чунин вазъият истифода бурда соҳиби молу мулк ва ҳокимият шаванд.

Воқеъияти дар ВМКБ дар рўзҳои охир рўйдода тасдиқкунандаи он аст, ки як гурўҳ шахсҳо бинобар ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зўроварӣ намуда, то ҳатто ба гаравгон гирифтор намудаанд ва минбаъд ба гиирдиҳаммоии ғайриқонунӣ даст зада ба бетартибӣ оварда расонид.

Дар ҳақиқат нисбати нафарони ба ин ҳодиса ҷалбшудагон дастгир шуданд ва тафтишот рафта истодааст.

Мутаасифона гурўҳҳои ифротӣ аз чунин ҳолат истифода бурда мехостанд мардумро роҳгум намуда, ба гиирдиҳаммоӣ даъват намоянд.

Айни ҳол вазъият дар минтақа ором буда, тамоми ташкилотҳою муассисаҳо фаъолият карда истодаанд.

Мо зиёиён бояд байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оиди даст назадан ба қонунвайронкунӣ ба роҳ монда, нисбати сулҳу субот, оромию осудаҳолӣ корбарӣ намоем.

Орипов А.А. – н..и.и., дотсенти ДДҲБСТ

You might also like