ҲУШЁРИЮ ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД!
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеъгирии хоси худ дар баробари ҳаводиси Афғонистон, дар сафи пеши кишварҳое қарор гирифт, ки ҳукумати «Толибон» (ҳаракате мебошад, ки иртиҷоии фаъолияташ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст) ошкоро эътироф накардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки ҷонибдори хукумати ҳамашумуле дар Афғонистон аст, ки дар он ҳуқуқи ҳамаи аққалиятҳои қавми риоя шавад.
Хушбахтона, бо гузашти вақт ҷонибдорони чунин мавқеъгирӣ дар мисоли давлатҳои Ҳиндустон, Италия, Фаронса, Эрон, Туркия, Федератсияи Россия то ҳадде афзуд. Аз мавқеи устувори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иддае аз сарварони давлатҳо дар шигифт ҳам афтодаанд, ки аз дарки моҳияту масъулияти мардуми минтақа ё дуранд, ё онро нодида мегиранд. Дар даргириҳои хунин солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон ва гуреза шудани қисме аз ҳамватанҳои мо бародарони афғон бо вуҷуди дар вазъи нохуби сиёсӣ – иқтисодӣ қарор доштанд, баҳайси муҳоҷири иҷборӣ хуш пазируфтанд.
Умуман мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз тарафи Афғонистон ҳаракати ҷангҷўёнае рух дода бошад. Яъне, мо бинобар муштаракоти бисёрҷониба доштан, ҳамеша дар фазои тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар қарор дорем. Аз ҷумла, эътирофи чанде қабл ироагирандаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки беш аз 45 фоизи аҳолӣ дар Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, далели он аст, ки бетараф буда наметавонем. Ҳуқуқи маънавии пуштибонӣ накардан аз ҳуқуқи тоҷикону дигар ақвоми Афғонистонро надорем. Балки ҳамчун ҳамсоя вазифадор ҳастем, ки дар кори барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвари ҷангзада, ҳам ба хотири манофеи амниятии худ мусоидат намоем ва инро дахолат ба корҳои дохилии давлати хориҷа маънидод намудан, мантиқе надорад.
Бинобар ин, ҳамчун як шаҳрванди оддӣ бо пуштибонӣ аз мавқеи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, андешаи худро иброз намудем ва ба мардуми шарафманди худ муроҷиат карда, гуфтанием, ки мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар атрофи Сарвари давлат дар ин рўзҳои мушкил муттаҳидтар гардем ва ҳушёрию зиракии сиёсиро лаҳзае ҳам бошад, ба фаромўши набарем. Ба иғвою дасисаҳои хинону душаманони миллати тоҷик дода нашавем ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошем.
Қўзибоева Б. М.-дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ