Мо бар зидди терроризм ва экстремизм
Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва дунявӣ дар тамоми арасаи олам мешиносанд. Тинҷиву оромӣ дар давлат ба осонӣ наомадааст, зеро барои он бисёри хуни ноҳақи мардум рехтааст. Барои ҳамин он сухану гуфтаниҳое, ки оид ба ҷойҳои намоёнро сазовор нашудани Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ мо фикр мекунем асоси кофӣ надоранд. Барои боварӣ кардан ё накардан ба чунин суханон бояд дар давлат зиндагӣ кард. Сониян мефаҳмем, ки вазъи кунунии Тоҷикистон чи гуна аст. Мо шукрона аз он мекунем, ки дар чунин давлати тинҷу ором зиндагӣ дорем ва ба қадри чунин давлат расида, бояд шукрона кунем.
Аз таҷрибаи сулҳпарваронаи сиёсати давлати мо дигар давлатҳои дунё меомӯзанд ва барои ҷори намудан дар давлатҳои худ ҳаракат мекунанд. Мақсади сарвари давати мо ин тинҷию оромист, аммо мақсади душманони мо ин нест кардани давлати мо буда, бо ҳар роҳ, бо ҳилаю найранг мехоҳанд ҷанги шаҳрвандиро боз намоянд. Дар ҳоле, ки давлат ноором мешавад мақсадҳои нопоки худро амалӣ менамоноянд, яъне давлатро ихтиёри карда онро нобуд созанд.
Чумҳурии Тоҷикистон хамеша кӯшиш менамояд бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза барад ва душамнон зери ниқобҳои гуногуни динию дунявӣ наметавонанд моро шикаст диҳанд. Мо ҳарчанд, ки зиёи ҳастем аммо метавонем барои бартаф намудани ин вабои дунё камари ҳиммат баста бар зидди он мубориза барем. Тирашон ки барои нобуд кардани давлату миллат сӯи мо меояд ҳама вақт хато мехӯрад. Мо ҳама вақт мегуфтем ва боз ҳам мегӯем “Нест бод терроризм ва экстремизм”.
Абдуллоев М.М. – сармуаллими кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ