Воқеъияти дар ВМКБ шуда, боз як баҳонаҷўӣ ба гурўҳҳои ифротӣ
Тибқи расонаҳои расмии шабакаи интернетӣ ва АМИТ «Ховар» маълум намудаанд, ки санаи 25 ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор гирдиҳамоии ғайриқонунӣ оғоз карда шуда, санаи 28 ноябри соли ҷорӣ соати 20:00 он қатъ карда шудааст. Оиди воқеъияти мазкур Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ ташкил карда шуда ва он изҳорот намудааст, ки масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдиҳаммоии бе хабардиҳии пешакӣ ғайриқонунӣ буда ва ташкилкунадагони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мутаасифона, чунин ҳолат солҳои 1990-1991, ки дар ш.Душанбе аз тарафи гурўҳҳ оппозитсионӣ сар карда шуда ва баъдан ҳолат тезу тунд гардида, ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид. Аз ин ҳолат ҳазорҳо нафар ҳалок гардидаву ва бе ҷою чора монда ва беному нишон гардидаанд, ки то ҳол кишварамон аз зарари он ҳодисаҳо азият кашида ва ба иқтисодиёти кишварамон таъсири худро расонида истодааст.
Аз ин ҳолат, боз гурўҳҳои ифротӣ истифода бурда мехоҳанд ҳолатро тезу тунд кунанд ва ба манфиати худ онро истифода баранд.
Бинобар ин, барои чунин ҳолатҳои гирдиҳамоии ғайриқонунӣ роҳ надодан, баръакс пеши онро гирифта ба мардум воқеъиятои солҳои пешина ва оқибатҳои онро фаҳмонидан лозим аст. Бояд нагузорем, ки аз ин ҳолат гурўҳҳо ва шахсиятҳои ба мо душман истифода бурда, вазъияти кишварамонро нотинҷ намоянд.
Айни ҳол Тоҷикистон инкишоф ёфта истода, баръакс кўшиш намуда истодааст, ки то ҳатто дар кишварҳои ҳамсарҳад сулҳу осоиштагӣ фаро гирад ва мардуми он азият накашад.
Вақтҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид масъалаи мазкур корбариро дар сатҳи баланд гузошта, ба давлатҳои ҳамсарҳад гуфтушинид намуда истодааст.
Орипов А. – н.и.и., дотсенти ДДҲБСТ