НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ
Мақолаи рӯзноманигор Фатҳиддини Замон бо ном «Воқеии вазъи баамаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон… » – ро хонда ба як ҳаяҷоне омадам.
Маълум шуд, ки санаҳои 1 феврали соли 2020 , 14 ноябри соли 2021, шаби 25 ба 26-27 ноябри соли 2021 дар як гӯшаи сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони мо- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисҳо ва амалиётҳои ногуфтаниву ношуниданӣ шудааст.
Бояд қайд кард, ки Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, санаи таваллудаш 01.06.1992, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа акнун синнаш ба 29 расидааст, ҷинояикори махсусан хавфнок ҳисобида шудааст. Зиёбеков Гулбиддин, ҳаммаслакони ӯ Ғуломшоев Тайғуншо ва Мирзоев Розиқ, Мамадбоқиров М.К., маъруф бо лақаби “Боқир”, Шанбиев Мунаввар, Аловатшоев Амриддин ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як қатор амалиётҳои бад ба монанди: ба бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамла овардан, хизматчиёни ҳарбиро лату кӯб намудан, аз онҳо силоҳҳои хизматиро тасарруф кардан, ҳамчунин шишаҳои тирезаҳои биноро бо санг зада шикастан, сангборон намудани як воситаи нақлиёти давлатӣ, ба корманди милитсия ҳангоми адои хизмат бо истифода аз табар ҷароҳати ҷисмонӣ расонидан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриконунӣ даъват намуда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин намудан, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накардан, мукобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби кормандони мақомоти амният аз таппончаи тамғаи «Макаров» -и ғайриконунӣ дар ихтиёр дошта оташ кушодан, ба хаёт ва саломатии корманди макомоти амнияти миллӣ таҳдид кардан ва ғайра содир намудааст. Наход шахс чунин амалиётхои ғайриконунӣ содир намуда, ба ватану давлат, халки худ хиёнат намояд. Инсон ба дунё як бор меояд. Ӯ бояд номи нек, пиндори нек, рафтори неки худро барои фарзандон, набераву абера ва насли наврасу оянда гузорад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ, сокинони ахли зиёву халк, мардуми бо нангу номуси тоҷик, аз чумла мо- аҳли устодону профессорони ДДҲБСТ амалҳои ғайриконунии ашхосони дар боло зикршударо маҳкум менамоем ва бетараф истода наметавонем. Онҳо бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Мо ҷавонони зираку бо нангу номус, худшиносу худогоҳ тарбия намоем ва намегузорем, ки ба дасисаҳои бегонагон, душманон ва нотавонбинони миллат бовар кунанд. Ҷавонон ки ояндасоз мебошад пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раӣмон буда, давлати сохибистиқлоли бебаҳои худро ҳифз намуда, демократияро бо маъни томаш дарк намоянд ва нагузоранд, ки душманони миллат мақсади нопоки худро амалӣ намоянд.
Атоева М.М.-дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ