Изҳорот оиди воқеаҳое, ки рӯзи 25-ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ рӯх доданд

Аз расонаҳо маълум мегардад, ки гурӯҳе аз шаҳри Хоруғ рӯзи 25-ноябри соли равон ғайриқонуни гирдиҳамои ташкил намудаанд.

Гурӯҳе, ки ин гирдиҳамоиро ташкил намуданд, бояд пеш аз ҳама фикр мекарданд, ки ин гирдиҳамоӣ оромии ҷомеаро халалдор менамояд, ки ин боиси нооромии на фақат шаҳри Хоруғ балки тамоми минтақаҳои Бадахшон шуданаш мумкин аст.

Мардуми Боми ҷаҳон, яке аз мардумони маданӣ ба ҳисоб мераванд.

Набояд фаромуш намуд, ки аз байни одамони минтақа шахсони басе маъруф ва бомарифат буданд ва ҳоло ҳастанд. Бо мисоли Бол Раҳимзода, Мумин Қаноат, ки бо назми ҷаҳонгирашон нафақат дар Тоҷикистон балки берун аз кишвар муаррафӣ шудаанд.

Баъзе масъалаҳои ҳалталаб, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, на бораи тазаҳурот балки метавонем бо роҳи гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳал карданаш мумкин. Мамлакатҳое, ки мо дида истодаем тариқи расонаҳои ҷаҳонӣ бетартибиҳо вуҷуд доранд оқибаташ ба чӣ рӯзҳо оварда расонида истодааст.

Тартиботи ҷамъиятӣ ин кори нафақат мақомоти қудратӣ балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва ватанпарвар мебошад.

Биёед ба ҷои ташкили гирдиҳамоиҳо ба ваҳдати умумии миллӣ баргардем ва барои боз хубтар зиндагиро ба мардум фароҳамоварем ва барои тинҷию оромиш Ватани маҳбубамон ҳама кӯшишу ғайрати худро сафарбар намоем.

Тошматова М.Д.-мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like