ШУКРОНА БОЯД КАРД, ЭЙ МАРДУМ

Гирдиҳамоии ғайрқонунӣ,ки рӯзи 25 – уми ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, ки он маҳз барои ноором сохтани вазъи вилояти мухтори  кӯҳистони Бадахшон равона карда шуда, он ба гурӯҳҳои махсусан ҷинояткори нашъаҷалобон, роҳзанон ва қалобону фиребгарон фоидаовар буд.

Мардуми вилояти Бадахшон, мардуми рӯзгордида, донишманд ва таҳаммулпазир буда, ин амали гурӯҳҳои ҷинояткоронро сахт маҳкум месозанд.

Он пешниҳоду дархостҳое, ки гирдиҳамоигарон гузошта буданд, онро бо роҳи маслиҳату машварат ва якдигарфаҳмӣ, ҳаллу фасл кардан мумкин аст, зеро  инсон қодир аст ба ғайр аз мурдаро зинда кардан, дигар ҳамаи вазифаҳоро ҳаллу фасл карда метавонад.

Бисёр сарварону донишмандони вилояти Бадахшони кӯҳӣ ба мисли Ғоибназар Паллаев,  Моёншо Назаршоев, Меҳрубон Назаров дар ҳамаи лаҳзаҳои вазнин бо халқ буданд. Махсусан дар ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев барои тинҷу оромии вилояту ҷумҳурӣ, ҳамеша барои оромии ҷумҳурӣ дар мулоқоту сафарҳо бо аъзоёни ҳукумат буд.

Мардуми Бадахшон оромию тинҷии ҷумҳурии азизамонро мехоҳанд ва онҳо намегузоранд,ки баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор вазъи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро ноором созанд, чунки онҳо шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидаанд.

Ҳамаи он масъалаҳое, ки бояд ҳалли худро ёбад, бо фаъолони аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорон ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳал кардан мумкин аст, на бо роҳи зӯрию гирдиҳамоӣ.

Онҳое, ки гуноҳ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазоҳои сазовор муносиб дониста, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомотҳои прократура баъд аз санҷишу таҳлии ҳаматарафа, онҳое, ки ҳақиқатан ҷиноят содир кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашиданашон лозим аст.

Мо ҳеҷ вақт ба иғвою ангезиши баъзе гурӯҳҳои манфиандор, набояд дода шавем, чун ки онҳо аз рӯи мақоли халқӣ, “обро лой карда, барои худ моҳӣ медоранд”.

Мардуми сарбаланди Бадахшон бо кору пайкори худ, барои ободии шаҳру ноҳия ва вилоят бо сарварии Пешвои миллат, сарбаландона кору фаъолият намуда, намегузоранд, ки нохалафоне вазъи ороми имрӯзаи мардуми Бадахшонро ноором созанд.

Нурмаҳмадов Ю.Ш.дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like