ШУКУФОН БОШ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН

Дар муқоиса то солҳои 2000, имруз дар замони муосир Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба яке аз гушаҳои тараққикарда, пешрафта ва сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бо табиати зебову табобатӣ ва расму оинҳои худ ба кулли мардуми кишвар намунаи ибрат аст. Сокинони ВМКБ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият мебаранд, ки ифтихори миллату давлат мебошад.

Аммо, мутаасифона гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки шаъну шараф ва обруву нуфузи ВМКБ – ро паст зада барои шукуфоии ин минтақа халал мерасонанд. Ба талаботҳои Конститутсия ва қонунҳо риоя накарда, дағалана вайрон мекунанд ва бо амалу кирдорҳои ғайриқонунии худ оромиву осоиштагии мардуми вилоят ва ҷумҳуриро халадор месозанд, ки дар натиҷаи ин қонунвайронкунии онҳо дар ҷомеа оқибатҳои нохуш рух медиҳанд.

Бо кирдорҳои ғайриқонунии худ онҳо тартиботи ҷамъиятӣ ва қонунҳоро дағалона вайрон карда, ҷиноят содир мекунанд, ки оммаро халалдор месозанд. Мебоист ин нафарон дархосту талабҳояшонро дар доираи Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқукӣ ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод намоянд. Аммо чунин муносибати ғайриқонунӣ ва қонунвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо қоиби қабул нест ва ҳар як нафаре, ки ба чунин қонунвайронкуниҳо даст задааст нисбаташ чораҳои дар қонунгузорӣ амалкунанда зикршуда андешида шуда, ба кирдори онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуда, ба онҳо ҷазои сазовор татбиқ карда шавад. Зеро бо ин амалҳои худ онҳо оромӣ, осоиштагии мардумро халалдор месозанд. Мо кулли мардуми тоҷик ин кирдори онҳоро ки хилофи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мебошад маҳкум менамоем.

Аз маълумотҳо маълум мегардад, ки дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилоят 25-27 ноябри соли ҷорӣ даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилоят мебошад, баста шудаанд, ки дар маҷмӯъ, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфтааст, ки ин ҳам бошад зарар бевосита ба аҳолии осоиштаи мардуми ВМКБ таъсир расонида истодааст, на ба шахсоне, ки ин кордорҳоро оғоз намуданд. Гуноҳи мардуми оддӣ ва роҳу нақлиёт дар чист?

Шахсоне, ки ба ин кирдорҳо даст заданд, осоиштагӣ ва шукри истиқлолиятро накарда, бо ҳар гуна роҳҳои авбошонаи худ, ки ягон натиҷа надорад кушиш менамоянд таъсир расонанд. Зиёбеков Г.З., Мамадбоқиров М.К., маъруф бо лақаби “Боқир”, Шанбиев Мунаввар, Аловатшоев Амриддин ва дигар худ сокинони ин замину макон мебошанд, нооромиро гирди мардум ва давлати худ саркардаву идома доданӣ. Ба ин амалҳо ҳар гуна гуруҳҳои ғайриқонунии таррористиву экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” бохабар гардида, барои оташ задан ба «лахча» ба мисли алангаи оташ бо шабакаҳои интернетии “Ютуб” ва дигар барномаҳои мессенҷерӣ аз амалҳо ва воқеаҳои рухдода истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст.

Бинобар ин ба тамоми мардуми кишвар ва сокинони ВМКБ гуфтанӣ ҳастем, ки ба ҳар гуна ташкилотҳову гуруҳҳои нохалаф фирефта нашуда, зиндагии осоиштаи худро аз даст нидиҳанд. Магар мардуми ВМКБ ақли худро гум карда бошанд, ки барои ба даст овардани нӯшокии спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва ё чизҳои ночиз ки ба як лаҳза ҳаёти осоишта баробар шуда наметавонад ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ё пайравони ин гуруҳҳоро мекунанд.

Мо мардуми кишвар бояд диёри хешро даҳчанд зебо карда, тухми дустӣ кошта, аз гулзори он баҳра гирем.

 

Кабирзода Г.Қ. – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like