Андешаи чанд оид ба ҳодисаҳои Хорўғ ва ё ҷинояткор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад

Имрўзҳо давлату ҳукумати кишвар баҳри ҳимоя намудани манфиатҳои кишвари маҳбубамон ва тамини бехатарии мардуми куҳанбунёди тоҷик аз тамоми воситаҳои мавҷуди истифода намуда истода, ҷонибдори барпо намудани сулҳу салоҳи ҳамешагӣ аст.

Шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имрӯз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд. Аммо, имрӯз ҳастанд бархе ҷинояткороне, ки мехоҳанд ба авзои сиёсии кишвари мо бесарусомонӣ оварда нуфўзи онро коҳиш диҳанд.

Чанде қабл, тавассути расонаҳои хабарӣ маълумот пайдо намудем, ки санаи 25 ноябр дар ш. Хоруғи ВМКБ аз ҷониби гурўҳи ҷинояткорон гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор гардида, дар натиҷаи он чанд нафар ва аз ҷумла раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов захм бардошатаст, ки боиси ташвиш аст.

Аз маълумотҳои дастрасгардида бармеояд, ки моҳи феврали соли 2020 ҷинояткор Гулбиддин Зиёбеков ва шариконаш ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, 8 соат мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор додаанд. Прокуратураи вилоят аз рӯи ин далел алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, вале онҳо барои додани нишондод ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нашуданд ва тибқи қонун онҳо дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд.

Маълум мегардад, ки ҳангоми боздошти гурўҳи ҷинояткорон Гулбиддин Зиёбеков аз ҷониби мақомоти қудратӣ ба қатл расонида шуд, ки баъди ин ҳодиса чанд нафар эътирозгарон ҷасади марҳумро ба майдони назди бинои ҳукумати вилоят бурда, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги ӯ ва истеъфои раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботовро талаб карданд. Ҳангоми ин гирдиҳамоии ғайриқонунӣ панҷ нафар интизомӣ, корманди амният ва прокуратура захмӣ шуданд. Прокуратураи вилоят аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот алҳол идома дорад.

Дар асоси ин гуфтаҳо, мо, шаҳрвандони Тоҷикистони оҳибистиқлол медонем, ки баъди эълон шудани истиқлолияти давлатӣ чанд гурўҳҳои сиёсие пайдо шуданд, ки мақсади онҳо сари қудрат ва барои омадан ба сари қудрат ба мубориза сар карданд. Ин буд, ки оғози солҳои 90-ум дар кишвари таърихимаон низои сиёсӣ сар зада, боиси ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ шуд.

Ирўзҳо, ки ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон роҳ сўи барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандиро пеша намудааст, чунин амалҳои ҷинояткоронаро маҳкум намуда, тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми гунаҳкоронро талаб менамояд.

Ҳаминро илова менамоем, ки шукронаи Худованд аст, ки дар Тоҷикистони муосир тамоми имконияти мубориза бурдан нисбати ин гуна бесару сомониҳоро дорад. Дар Тоҷикистони имрўза, ки қудрати барҳам задани ҳар гуна низоъҳои дохилиро дорад ва дар сиёсати байналмилалӣ ҳам эътибори шоиста пайдо кардааст, мо медонем, ки ягон нафарро бегуноҳ зиндонӣ намекунанд. Аз ин хотир андеша дорем, ки ҳар як нафаре, ки барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ зиндонӣ мешавад ин талаботи қонун аст ва дар назди қонун ў ҷавобгар аст.

Санавваров Ғ.Б. – мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like