САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶАМЪИЯТ
Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд. 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки идомабахши кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар замони муосир дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо дорои афкори тозаю навин, иқтидори асосии фаъоли ҷамъият маҳсуб ёфта, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қисми аҳолӣ эътибори махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи кишвари маҳбубамон пайваста дастгирӣ менамояд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”. Илова бар ин гуфтаҳо, қайд мегардад, ки ҷавонон бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сисиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардорони ин сарзамини куҳанбунёд, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони муосири мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи хешро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дар ин самт Пешвои миллат чунин гуфтаҳо доранд: “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароити заруриро муҳайё карда,доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.
Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз сиёсати имрӯзаи мамлакат огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро донанд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Ҳамасола дар таърихи 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо ибтикору дастгирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад, ки он танҳо рӯзи шодиву фараҳмандӣ, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони мамлакат дар самти бунёдкориҳо ва ободонии кишвар мебошад. Дар робита ба ин, кишвари азизи мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созанда ҷавонон умед бастааст, зеро ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Султонова А.Ҷ.-муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ