Бадахшон – як пораи хоки муқаддаси Тоҷикистон

Ватан ифтихори мост, ватандӯстӣ бахти мост! Ватан ба ҳар як шаҳрвандаш муқаддас ва азизтарин чиз ба ҳисоб меравад. Ҳимояи ватан вазифа ва қарзи ҳар яки мо мебошад.

Ҳар як фарди баору номус ва бонанги ин сарзаминро мебояд, ки ба хотири нигоҳдошт ва таъминии оромиву суботи кишвар ва ҷомеаи мутамаддин саҳми сазовори хешро гузошта бошад. Албатта ин сулҳу амонӣ осон ба даст наомадаст. Барои ба даст овардани он фарзандони фарзонаи тоҷик талоши зиёде ба харҷ додаанд.

Чи хеле, ки аз сомонаҳо огоҳ гаштем, санаи 25 ноябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ аз ҷониби як гурӯҳҳои муташакил, бо ҷалби ҷавонони роҳгумзада, бахусус тарафдорони шаҳрванд Гулбиддин Зиёбеков гирдиҳамоӣ эътирозии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти мақомоти расмии ин вилоят Гулбиддин Зиёбеков дар содир намудани якчанд ҷиноят, аз ҷумла латукӯб намудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А., барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор карда мешавад. Гулбиддин Зиёбеков дар рафти иҷрои корҳои тафтишотӣ ба прокуратура ҳозир нашуд ва дар рӯйхати расмии ҷустуҷӯ ворид шудааст. Санаи 25 ноябри соли равон аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар рафти амалиёти боздошткунӣ Зиёбеков Г. муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ду нафар корманди милитсияро захмӣ намуд ва худаш низ захмӣ шуд. Дар беморхона Зиёбеков Г. ва кормандони милитсия Гулназар Муродбеков вафот карданд.

Аммо марги Зиёбеков Г. барои ҳаммаслаконаш ва  бархе аз гуруҳҳои ҷинояти амсоли ташкилоти терористи экстремистии ҲНИ, гуруҳи 24 гӯё як дастак барпои ноором кардани Тоҷикистони орому зебо гардид, ки аз пашша фил сохта, дар сомонаҳои иҷтимои ҳаргуна гапҳои дуруғу беасос оварда, мардумро ба кӯчаи сарбаста мекашанд. Мо гуфтанием, ки Хоруғ як пораи ҷону тани Тоҷикистон буда, мо ҳеҷ вақт нисбати тақдири ин гушаи биҳиштосои кишвар бетараф нестем.

Ба ҳамватанони хеш, бахусус сокинони баору нанги Бадахшони куҳанбунёд гуфтанием, ки мо бояд ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори заҳрогини бадхоҳони миллат нагардем ва ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва ободию пешрафти ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.

 

Норматова Ш.М. – мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like