НИГОҲДОШТИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯКИ МО БОШАД
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.
Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида ду нафар дар натиҷаи даргириҳо ҳалок машаванд ва наздикону пайвандонашон тобути он ду нафарро ба назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оварда, аз мақомот талаб менамоянд, ки омилони ин ҳодиса тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Қариб се рӯз дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ гирдиҳамоиҳо идома карда, хушбахтона бино ба иттилои АМИТ Ховар гирдиҳамоии мазкур санаи 28 ноябри соли равон пурра қатъ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки агар ба сабаби қазияи ба вуқӯъ омада аз назари мантиқ нигарем ин ҳодиса аз як амали соддалавҳонаи ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. оғоз мешавад. Тибқи видеое, ки дар ютиб нашр шудааст дида мешавад, ки як чанд нафар ҷавонони бадахшонӣ Абирзодаро огоҳ намуда хоҳиш менамоянд, ки ба зану духтари бадахшонӣ бо чашми бад нанигарад. Абирзода А. ба кирдори худ иқрор шуда, аз мардуми Бадахшон узр мепурсад. Ин воқеа 1-уми феврали соли 2020 ба вуқӯъ омадааст, вале бо сабабҳои номаълум аз нав ин қазияро муҳокима намудаанд, ки боиси нооромии мардуми Бадахшон шудааст.
Сабаби рӯз ба рӯз муташаниҷ шудани авзои Бадахшон Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мебошанд. Онҳо бо хабарҳои иғвоангез вазъиятро муташаниҷ карда истодаанд. Помир ва мардуми Бадахшон як ҷузъи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Нооромии ин минтақа ба манфиати қуваҳои иғвогар аст. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки кишвари мо ноором бошад. Нооромии кишвар ба нафъи мардуми Тоҷикистон нест. Ҷангу хушунат ҳамавақт бадбахтӣ меоварад. Мисоли онро дар кишвари ҳамсояи Афғонистон дида истодаем.
Бинобар ин, мардуми тоҷик бояд ба суханҳои иғвогаронаи кабириҳо дода нашаванд. Онҳо дастнишондаҳои терористони байналхалқӣ ҳастанд. Танҳо сулҳу ваҳдат, мттиҳод, дӯстиву рафоқат моро наҷот медиҳад. Умеди онро дорем, ки мардуми азизи Бадахшон ба иғвоҳои душманон дода нашуда, роҳи сулҳу ваҳдатро пеш мегиранд.
Мирниёзов А.Қ. – муаллими калони кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ