ҲАМАГОН БОЯД БА ТИНҶИЮ СОЗАНДАГӢ ШУКРГУЗОРӢ НАМОЕМ!!!
Дар маводи “Боз як шаби пурташвиш дар хоруғ: сарнавишти мамадбоқир чӣ мешавад?” аз ҷумла омадааст: “бино ба иттилои дарёфтӣ, шаби гузашта дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон зоҳиран ором ва бидуни кадом ҳаводиси фавқулодда сипарӣ шуд, вале ташвишу нигарониҳо дар бораи вазъи амниятии ин минтақа дар ҳоли афзоиш аст” ва ғайра.
Ҳангоми шинос шудан бо маводи таҳти таҳлил қарор гирифта истода беихтиёр солҳои пурошўби солҳои 90-уми асри ХХ, даргириҳои ҷанги граждании дар Тоҷикистон таҳмилёфта ба хотир меоянд. Наход нафароне, ки қишрҳои гуногуни мардуми Тоҷикистони муосирро ба гурўҳҳо мансубият медиҳанд пайомадҳо манфии онро дарк накунанд? албатта, ба ақидаи мо, дарк мекунанд ва бо ҳамин кирдорҳои худ дар байни мардуми оддӣ заҳматкаш таҳлуқа, тарсу ноумедиро паҳн менамоянд.
Эхтироми қонуният, кафолати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад ва он дар амал ҷорӣ шуда истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ тамоми чораҳои имконпазирро вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ андешида истодааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии ҷинояткорӣ якчанд консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, аз ҷумла Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Қумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018,№ 1005 тасдиқ шудааст; Консепсияи максадноки миллии илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалахои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипхои демократӣ ва рушди ҷомеаи шахрвандӣ барои солхои 2013-2028 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016 № 66).
Дар маркази консепсияи мазкур инсон ва тамоми таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсие, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, барои беҳбудии хаёти одамон равона шудаанд. Навсозии ҷомеа амалӣ гардида истодааст, ки дар он инсон ҳамчун субъекти асосии таҳаввулоти муосир муайян мегардад. Шиори асосии консепсияи мазкур “ҳама чиз барои инсон ва барои зиндагии шоистаи ў” мебошад. Консепсияи мазкур масъулияти давлат, ҷомеаи шаҳрвандиро нисбат ба шахсият ва шахсро нисбат ба давлат ва ҷомеа, эътирофу эҳтироми волоияти қонун, арзишҳои волои демократӣ ва масъулияти инсонро ба ояндаи ҷомеа муайян менамояд. Эътирофи масъулияти тарафайни давлат ва ҷомеаи шахрвандӣ яке аз мақсадхои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлати дунявии Тоҷикистони муосир намунаи хуби муносибати таҳаммулпазирона бо ислом, ҳамзистии ҳизбҳои гуногун, ҳаракатхо ва гурўҳҳои мухталиф мебошад. Тоҷикистон дар амал нишон дод, ки дар муддати хеле кўтоҳ низои дохилиро бартараф карда, ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаштан мумкин аст.
Дар асоси гуфтаҳои боло лозим ба ёдоварист, ки ба ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон лидерони ғайрирасмӣ лозим нестанд, нафарони ба чунин ҷойгаҳ даъвокунанда оромии ҷамъиятиро халалдор менамоянд ва бо ин амалҳои ғайриқонунии худ ба решаҳои сулҳ ва амнияти Тоҷикистони муосир, ба оромии мардум теша мезананд. Мо ҳама бояд атрофи пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -меъмори сулҳ ва амнияти Тоҷикистон сарҷамъ шуда, ба фазои тинҷию созандагӣ шукргузорӣ намоем!!!
Пўлотов К. И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ