ТАРАФДОРИ САРДОРОНИ СОБИҚ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ БУДАН ХУД ҶИНОЯТ АСТ
Аслан рощбарони ғайрирасмӣ ва ҳаммаслакони онҳоро гарчанд ҳамчун ғамхори халқ эътироф менамоянд ҳам, онҳо худ ғамхор ва ҳамдарди халқ ба шумор намеравад, зеро онҳо бо мақсади таъмини кайфият худ танҳо фаъолият бурда истодаанд. Бо мақсади равшан намудани ин гуфтаҳо як қатор таҳлилҳоро бо мисоли воқеоти дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рух дода, пеш меорем.
Дар натиҷаи таҳлили як хабаре аз сайти расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ маълум карда шуд, ки “… дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.” Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд. Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд: 187- Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа; 188- Бетартибиҳои оммавӣ; 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ; 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш; 200- Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан; 201- Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ; 237- Авбошӣ; 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк; 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.
Ҳамзамон тибқи ин иттилоот, дар қатори саркардаҳои ГМҶ (Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ)-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ҶТ нисбат ба Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, санаи таваллудаш 15-уми октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хоруғ, сокини кӯчаи 40-солагии шаҳри Хоруғ, хонаи 87, бекор, саркардаи ГМҶ-и ш.Хоруғ, низ огоҳии расмӣ эълон шудааст.
Дар асоси ин гуфтаҳо хулоса бароварда гуфтан ҷоиз аст, ки амал намудани чунин ашхосон, ки хуро ҳамчун лидерони ғайрирасмӣ эълон медоранд, ба давлате, ки дар он тартиботи ҳуқуқӣ мустаҳкам мебошад, лозим нест. Ҳамзамон онҳо зери ниқоби ҳифзу таъмини некӯаҳволии ҷамъият намудор менамоянд, аммо дар асл танҳо аз паи таъмини нафсу лаззати манфури худ мебошанд.
Бо ба ҳисоб гирифтани таҳлилҳои болоӣ иброз намудан ҷоиз аст, ки мо ҷавонони давраи истиқлолият набояд тарафдору хизматгори чунин нафарони манфур бошем, балки кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки чунин нафарон халалдоркунандаи сулҳу субот гарданд.
Қосимов Зуфар Алиевич – ассистенти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ