Изҳорот доир ба маҳкум намудани воқеоте, ки дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастаанд   

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ муноқишаи байни  намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки рӯзи 14 ноябр дар як посгои БДА сурат гирифт ва гирдиҳамоиҳои як гурӯҳ сокинони шаҳри Хоруғро, ки дар пайи марги Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович ба вуқуъ пайвастааст пурра маҳкум менамоем, зеро дар ду ҳолат ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифи худро иҷро карда истодаанд ва ҳар як шахрванди Тоҷикистон бояд ба қонун итоат кунад.

Тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров бар инанд, ки мақомот нақшаи боздошти ӯро дар сар доранд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ин суханҳо ягон далел надоранд.

Хотиррасон менамоем, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар тирамои соли 2018 бо онҳо огоҳии вижаеро имзо карданд. Бар асоси он санад, лидерои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, тақири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Вале, ин роҳбари ғайрирасмӣ шартномаи мазкурро пурра вайрон намуда, бар зидди корманди мақоти қудратӣ амалҳои ғайриқонунӣ намудааст.

Ҳамзамон, доир ба масъалаи Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович маврид ба қайд аст, ки мувофиқи хабарҳои баъзе расонаҳо гӯё номбурда, бегуноҳ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба марг расонида шуда бошад. Вале, номбурда ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз таппончаи шахсии худ тир кушодааст, ки дар ҷавоб худ ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳамин сабаб мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ амалҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров ва тарафдорони ӯ пурра пурра маҳкум намуда, изҳороти Прокуратураи ВМКБ оид ба ҳодисаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ  вобаста ба ҷинояти содирнамудаи шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович аз 25 ноябри соли равонро пурра ҷонибдорӣ менамоем.

Айни замон, ки дар шаҳри Хоруғ вазъият тинҷ ва ором мебошад, мо бояд ба ҳар гуна маълумотҳои бардурӯғ бовар накунем ва тинҷиву оромии кишварро халалдор насозем.

 

Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like