Наход, то ҳол гурӯҳҳои ғайрирасмӣ амал намоянд…
Хабари ба шиканҷа гирифтор кардани кормандони милитсияро аз тарафи гурӯҳи ғайрирасмии Мамадбоқир Мамадбоқировро рӯзи 14-уми ноябри соли ҷорӣ ва изҳороти Прокуратураи ВМКБ оид ба ҳодисаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ аз 25 ноябри соли равонро тавассути воситаҳои ахбори омма мутолиа намуда, ба ҳайрат афтодем.
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки наход, кормандони милитсия, ки шабу рӯз нигоҳдори тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи қонуну амнияти мардумро таъмин менамоянд, аз тарафи чунин ашхоси ғайрирасмӣ то ба ҳамин ҳолат гирифтор карда шаванд. Ҳар як рафтору кирдори ношоиста ва авбошӣ дар ҷамъияти мо тарафи ниҳодҳои марбута мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад. Мо аминем, ки дар паси як корманди милитсия, ки дар Бадахшон хизмати давлатиро анҷом медоду ба шиканҷаи ноқобилон гирифтор шуд, ҳазорон дигар либосҳои низомипӯши дар даст таҷҳизотҳои пурқудрати муҳофизавӣ меистанд. Он корманди дар роҳи ҳақ ҳарфдоштаи милитсия агарчи ҷисман ярадор гардида бошад ҳам, руҳан пуриқтидору тавонову таслимнашаванда аст, зеро ки савганди касбиаш ӯро ҳамроҳӣ карда, ба сӯи муборизаҳои далерона, нотарсиву шуҷоат ва тозаву решакан намудани қувваҳои нопок ҳидоят мекунад. Яқин мешуморам, ки рӯҳи шикастнопазиру бузурги миллати тоҷдору ниёгонамон ҳамон корманди милитсияро тарбият намуда, боз ба сӯи пурратар решакан кардани чунин ғосибони бадкирдору зишт ҳидоят менамояд.
Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки мо изҳороти изҳороти Прокуратураи ВМКБ оид ба ҳодисаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ вобаста ба ҷинояти содирнамудаи шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович аз 25 ноябри соли равонро пурра ҷонибдорӣ намуда, амалҳои ин ҷинояткоронро маҳкум менамоем.
Кенҷаев Ю.-и.в. мудири кафедраи забони тоҷикӣ