Изҳорот доир ба маҳкум намудани воқеае, ки санаи 14 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайваста буд   

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ муноқишаи байни  намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки рӯзи 14 ноябр дар як посгои БДА сурат гирифт, пурра маҳкум менамоем. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифи худро иҷро карда истодаанд ва ҳар як шахрванди Тоҷикистон бояд ба қонун итоат кунад.

Тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров бар инанд, ки мақомот нақшаи боздошти ӯро дар сар доранд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ин суханҳо ягон далел надоранд.

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ таъкид менамоем, ки амалиёти тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқировро оиди навбатдорӣ ташкил кардаанд ва дар сурати пайдо шудани мошинҳо ё афроди шубҳаангез зуд ҳамаро хабардор менамоянд, пурра ғайриқонунӣ мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар тирамои соли 2018 бо онҳо огоҳии вижаеро имзо карданд. Бар асоси он санад, лидерои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, тақири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.

Бо ҳамин сабаб мо устодони кафедраи назарияи иқтисоди талаб менамоем, ки созишномаи мазкур аз тарафи Мамадбоқир Мамадбоқиров ва тарафдорони ӯ пурра иҷро карда шаванд ва  ҳама масъалаои пеш омада мувофиқи қонун баррасӣ карда шаванд!

Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like