Саҳми Пешвои миллат – дар таъмини сулҳу субот дар кишвар ва минтақа
Дар оғози соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар гардид. Кишварро хавфи парокандашавӣ таҳдид мекард. Дар чунин лаҳзаҳои душвор 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд. Дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҷиҳати музокирот бо намояндагони гурўҳҳои мусаллаҳ, ҳалли масъалаҳои гурезагон ва баст овардани эътимоду боварии мардум борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар карданд. Тавасусути ин тадбирҳо оташи ҷанг хомўш ва гурезаҳо ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонда шуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Миллалаи Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, дар минтақаҳои ҷаҳон истифода шуда истодааст.
Муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷиситони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Сарвари аъзами давлат дар назди Ватану миллат маҳсуб меёбад. Ҳанўз аз рўзҳои аввалини ба сари Ҳокимияти давлатӣ омадани мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии 16-ум он кас ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро баён намуданд. Минбаъд ин ғоя дар Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт. Ин санади олии ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ оғоз бахшид. Дар асоси ин санад ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардида, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил шуд.
Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқукӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ равона намудаанд. Дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурўҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, ба оромии сокинони кишвар ва фаъолияти мўътадили мақомотҳои давлатӣ сабаб мешуд. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат моҳи декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ» фармон ба имзо расонданд. Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд, ба шарофати ин иқдомҳо айни ҳол Тоҷикистон дар баёни ҷумҳурияҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба рўйхати 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини ҷаҳон дохил карда шудааст.
Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир масъалагузорӣ намуда, обрўи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмиллалӣ саҳмгузор баланд мебардоранд. Бовар дорем, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдтаи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи давлати Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, аз ҷониби наслҳои имрўзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин фарзанди фарзонаи миллат роҳи моро ба сўи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.
Мирзоева Д.Д., дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ