ТАЪМИНИ ОРОМИИ ҶОМЕА БОЯД ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҲАР ЯКИ МО БОШАД
Замоне буд, ки дар олам давлат вучуд надошт, вай дар мархилаи муайяни тараққиёти ҷамъият ба вучуд омад. Гузариши мунтазам ба давлати демократӣ ба сазоворшавии сулҳу оромӣ, хаёти мардумро дигаргун сохт. Локин, нафароне пайдо мешаванд, ки ин оромиро дидан намехоҳанд. Байни давлатҳо душманони зиёд ҳастанд ва заҳри худро ба мардуми Тоҷикистон пошидан мехоҳанд.
Аз ин лиҳоз, дар чамъият тадриҷан гуруҳҳои гуногун бар хилофи давлат пайдо шуда давлати худро мехоҳанд заҳролуд ва нобуд созанд.
Вазъ дар Хоруғ ва атрофи он дар пайи муноқишаи ахири байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки гуфта мешавад, рӯзи 14 ноябр дар як посгоҳи БДА сурат гирифт, буғранҷ шудааст.
Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки 58 сол дорад, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2018 бо онҳо огоҳии вижаеро имзо карданд. Бар асоси он санад, лидерҳои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳанд шуд. Зери он санад се сол пеш Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев имзо гузошта буданд.
Давлат дорои худуди муайяне мебошад, ки дар он худуд сохибихтиёрии давлат ифода меёбад. Ахолие, ки дар ин худуд зиндаги мекунад, шахрвандони он давлат ба хисоб меравад. Фарки давлат аз ташкилотхои гайридавлати дар он аст, ки давлат ифодакунандаи манфиати хамаи ахолии мамлакат буда, хокимияти худро нисбат ба хамаи онхо баробар татбик менамояд. Вале ташкилотхои гайридавлати ихтиёран ташкил ёфта, факат як кисми ахолиро дар хайати худ муттахид месозанд.
Сохибихтиёрӣ дар волоият, мустакилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Волоияти ҳокимияти давлатӣ маънои ба ҳама умумӣ будани хокимият, бартарии он ва дорои кудрати мачбуркунӣ доштани ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.
Мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлати чунин маъни дорад, ки давлат дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳуқуқи ба таври мутлақ ва озодона ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳоро дорад.
Давлат бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Ҳуқуқ, давлат ва ҳокимияти давлатиро ба расмият дароварда, бо ҳамин рох онро конуни (расмӣ) мегардонад. Давлат вазифаҳои худро ба шакли ҳуқуқи амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, ҳуқуқ фаъолияти давлат ва ҳокимияти давлатиро дар доираи қонуният мушаххас намуда, тобеияти онҳоро ба низоми ҳуқуқии мушаххас таъмин мекунад. Дар ин гуна ҳолати тобеияти давлатӣ ба ҳуқуқ давлатӣ демокративу ҳуқуқбунёд ташкил меёбад.
Ҳамин тавр, давлат ташкилоти хокимияти сиёсии чамъият мебошад, дорои дастгохи махсуси маҷбуркуни буда, салохияти худро дар худуди муайян амали менамояд. Вале чунин мафхум низ ба монанди мафхумхои дигари давлат нисбатан шарти буда, танхо нишонахои хукукии давлатро ифода менамояд ва мохияти пурраи ин институти мураккабро дар бар намегирад.
Хоҷаева М. И.-мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ