ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД БА ГУРУҲҲОИ ОЛОҲИДА ВА РОҲБАРОНИ ҒАЙРИРАСМӢ ЭҲТИЁҶЕ НАДОРАД
Ба ҳар як мо маълум аст, ки мувофиқи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Яъне тамоми муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро қонун ба танзим медарорад. Дар маҳалҳо бошад намояндагиҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомотҳои иҷроияҳои ҳокимияти давлатӣ сиёсати давлатиро намояндагӣ ва дар амал татбиқ менамоянд.
Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки баробари ин дар маҳалҳо ҳастанд нафароне, ки ҳамчун роҳбари ғайрирасмӣ пазируфта шудаанд ва дар байни маҳал ва ё гурӯҳи худ обрӯ доранд.
Чунин нафаронро мебояд, ки ба дигарон намудани ибрат гашта, тартиботи ҷамъиятиро бечунучаро риоя намоянд ва аз дигарон низ риояи онро талаб намоянд.
Маълумотҳои риоя нагардидани қонун аз ҷониби шаҳрвандон, хусусан ба истилоҳ “роҳбарони ғайрирасмӣ” ва ба баҳсҳо оварда расонидани оқибати кирдори онҳо бо намояндаҳои давлатӣ метавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ характери дигар гирифта, чунин маълумотҳоро шахсони алоҳида метавонанд ба фоидаи худ истифода баранд ва ба ин васила мардумро зидди давлат равона намоянд.
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ мо огоҳ гардидем, ки дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муноқиша байни кормандони милитсия ва ҷонибдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба вуқуъ пайвастааст. Ҳамзамон дар нашрия омадааст, ки “Тарафдорони Мамадбоқир бар инанд, ки мақомот нақшаи боздошти ӯро дар сар доранд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ба ақидаи онҳо, муноқиша дар посгоҳ низ ба ҳамин мақсад буд”.
Маълумоти мазкур ба воситаи саҳифаи хабарии бо номи “Бомдод” паҳн карда шудааст, ки он бо услуби иғвогарона ва характери ифротӣ навишта шудааст. Яъне мақсади навиштаҳои он намояндагони давлатро дар назди шаҳрвандон гунаҳкор нишон додан ва шаҳрвандонро зидди давлат равона намудан аст тамом.
Ин гуна маълумотҳо ва гурӯҳбозиҳо метавонад оҳиста – оҳиста ҷомеаи моро ба ягдигарнофаҳмӣ расонад ва хусуматро байни кормандони давлатӣ ва намояндагони гурӯҳҳои мазкур ба миён орад.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки муқовимати сиёсӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида ба монандӣ ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва дигарон ахиран ба тезудундшавии авзоъи дохилии иҷтимоию иктисодӣ, зиддиятҳои қавмию маҳаллӣ ва мазҳабӣ оварда буд. Оқибат мамлакат ба ду қувваи ба ҳам зид ҷудо шуда, мубориза барои ҳокимят ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Яъне дар солҳои 90-ум низ бо истифода аз фурсат гурӯҳҳои алоҳида тавонистанд ҷомеаи моро ба гурӯҳҳо тақсим намоянд ва мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.
Вобаста ба ин, моро мебояд ба ин гуна маълумотҳо аҳамият надода, дар паси зиндагии рӯзмарраи худ бошем. Зеро чунин маълумотҳо метавонад тамоман беасос бошад.
Ахмедов Ш.Ш.-мутахассиси шуъбаи иттилоот ва таҳлили ДДҲБСТ