ҲНИ-СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОНРО ХАЛАЛДОР КАРД

Муҳиддин Кабирӣ сарвари ҲНИ ва ё Паймони миллӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст дар изҳороти худ қайд менамояд, ки таносули қувваҳо  имрўз дар ҷумҳурӣ ба фоидаи ҳукумат ҳал шудааст. Ў мегўяд, ки созишномаи сулҳи тоҷикон бо ҳамин халалдор карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар воқеъ созишномаи сулҳ ба ҷанги бародаркуш  хотима  гузошт ва сулҳро барқарор  кард .  М. Кабирӣ хуб медонад, ки барои чӣ вазъияти сиёсӣ тағйир ёфта,  фаъолияти ҲНИ  соли 2015 манъ карда шуд.

Воқеаҳои моҳҳои сентябр  – октябри соли 2015, ки бо роҳбарии генерали хоин  Назарзода ташкил карда шуд, мақсади ташкили табаддулоти давлатиро дошт. Дар ташкили ин нақша  шахсан  М.Кабирӣ иштирок дошт  ва баъд ба хориҷа фирор  намуда. Бинобар ин ҲНИ  бо амали  худ  сабабгори тағйирёбии таносуби қувваҳо гардиданд.  М.Кабирӣ аз ҳабси  гурўҳи фаъолони ҳизбаш нигаронӣ  намуда, аз чунин қарори ҳуқукӣ норозигӣ баён менамояд.

Бояд қайд кард,ки дар давлати ҳуқуқбунёд ҳар як рафтори ғайриқонунӣ бояд  дар чорчўбаи қонун баҳо дода шавад ва  инро М.Кабирӣ хуб медонад. Суди Олии Тоҷикистон ба рафтори узви ҲНИТ дар асосӣ қонун  баҳо дода сазоворӣ ҷазо гардонид.   Рафтори гурўҳи Назарзода бо дастгирии М.Кабирӣ  моҳи сентябри  соли 2015 мақсади табаддулоти давлатиро  дошт  ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ муносибат намудаааст, ки ҷангиёни давлати исломӣ  пас  аз шикаст ёфтан  ба шарқи наздик бозгашт намуда,  барои таъсисёбии гурўҳи нав фаъолият хоҳанд  намуд.   Имрўз бояд давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва созмонҳои  бонуфузи ҷаҳонӣ  барои пурра торумор  намудан ва пароканда гардонидани  ДИИШ равона намоянд, зеро амалҳои террористӣ дар Туркия, Британияи Кабир ва дигар давлатҳо собит намуда истодааст, ки давлати  исломи хатарҳои  калонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  таҳдид менамояд.  Имрўз давлатҳо набояд  ба муносибати дугона роҳ диҳанд, М Кабирӣ чунин вонамуд менамояд, ки ҲНИ дар хориҷа хам имрўз фаъолият дошта,  қароргоҳҳои худро  ташкил намудааст ва танҳо номи худро ба Паймони миллӣ иваз намудааст тамом. Бояд зикр кард, ки ҲНИ дар солҳои фаъолияти худ  ҳеҷ  кори манфиатовар баҳри ҷумҳурӣ  накарда буд, ягона коре, ки ҲНИ иҷро намуд ин ташкили ҷанги бародаркуш  ва  ташкили  табаддулоти сентябрии соли 2015 мебошад.

Бинобар ин М.Кабирӣ  бо изҳоротҳои  худ кўшиш намудааст, ки амали ҳизбро ҳақ нишон диҳад ва  он ҳоло ҳам  ҷонибдорону  фаъолонро дорад. Ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ҷонибдорони ҲНИ  дар дохили мамлакат имрўз тамоман вуҷуд надорад.  Зеро,  имрўз  ҷомеа хуб медонад, ки ҲНИ чӣ мақсад дошту чӣ корро анҷом  доданӣ буданд. Бинобар ин метавон гуфт, ки  созишномаи сулҳи тоҷикон  барои  ҷомеа  манфиатҳои зиёд овард ва ҳукумати ҷумҳурӣ  онро дастовади нодир меҳисобад.

 

                                                    Одинаев А.О. – дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like