Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ дар мавзӯи “Тавофуқоти Тоҷикистон, Эрон ва Покистон дар ҳалли масъалаи Панҷшер”
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаи Афғонистон пурра дасгирӣ менамоем. Сарвари давлати Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.
Сарвари давлати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.
Ин изҳороти Сарвари давлати Тоҷикистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуда, муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили Панҷшер ва тоҷикони Афғонистон арзёбӣ гардид.
Аз он ҷумла мо устодони кафедраи назарияи иқтисоди суханҳои муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, ки менависад: «Сано ба Пешвои муаззами мо барои сарбаландона ҳимоя намудани манфиатҳои миллиамон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, бахусус, барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мазлумияти тоҷикони Афғонистон!» Шоираи тоҷик Адиба Хуҷандӣ навиштааст: «Садҳо нафар аз Афғонистон ба мо занг мезананд ва дуруду дуо ба Пешвои мо мерасонанду арзи эҳтирому ихлосу меҳр мекунанд, Пешвои муаззами тоҷикро сарвару пешвои хеш медонанд».
Ин суханҳоро мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ пурра дасгирӣ менамоем.
Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ