СУЛҲ НА БО РОҲИ ҶАМЪОВАРИИ АСЛИҲАИ ҲАРБӢ
Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум мегардад Ҷумҳарии Қирғизистон аз Туркия техникаҳои ҷангӣ ба маблағи умумии 300 млн.сом аз ҳисоби буҷаи давлатӣ харидор намудааст. Мақсад аз харидорӣ намудани техникаҳои ҷангӣ ин муустаҳкам кардани сарҳади Ҷумҳарии Қирғизистон бо давлатҳои ҳамсоя, хусусан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин, тибқи маълумоти роҳбари амнияти Ҷумҳарии Қирғизистон Камчынбек Тошиев дар нақшаи оянда боз харидории дронҳои ҷангӣ «Bayraktar»-и истеҳсоли Туркия, бронетраспортер аз Аморати Муттаҳидаи Арабистон, дронҳои ҷнгии «Орлан-10» истеҳсоли Русия харидорӣ менамоянд.
Муктаасифона намояндагони амнияти Ҷумҳарии Қирғизистон оиди масъалаи мазкур бо овози баланд ба ҳаргуна расонаҳо хабар медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба ҳаргуна роҳҳо кўшиш намуда истодааст, ки байни ду давлатҳои ҳамсоя нофахмигӣ набошад ва то ҳадду имкон масъалаи сарҳади ду давлат бо роҳи сулҳу субот ҳалли худро ёбад.
Лекин, бархе аз гурўҳҳои террористию экстримистӣ аз фурсат истифода бурда байни ду давлат бо ҳаргуна маълумотҳои қалбақию беасос мехоҳанд муносибати давлатҳоро вазнин намоянду ва бештар бо роҳи ҷангу бесарию сомонӣ ҳалли ин масъаларо ёбанд.
Дар баробари ин мехоҳан дар ин фурсат ба Ҷумҳарии Тоҷикистон халалдор ёбанду ва бо роҳи ҷанг мехоҳанд оромии мардуми кишварамонро нором созанд. Гурўҳҳои терористону экстримистони дар қаламравӣ Афғонистон буда ҳамаи роҳҳоро истифода бурда истодаанд, ки байни ин ду давлат нооромӣ бошаду ва имконияти халалдорӣ бошанд.
Лек мардуми тоҷик намегузорад, ки 30 соли таърихи пешина рўй диҳад ва вазбинии пешина боз ба мардуму давлат сарзанад.
Бинобар ин, амалиётҳои пешагирифтаи Ҷумҳарии Қирғизистонро хато ҳисобида ва баръакс онҳо бояд ҳалли масъалаи сарҳадро бо роҳи харидории аслия ва техникаҳои ҷангӣ набуда, балки бо роҳи сулҳ онро ҳал намоянд.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани факултет, ДДҲБСТ