Афғонистон- майдони бозиҳои геосиёсӣ
Имруз Афғонистон ба як давлати ҷабрдида ва вартаи ҷангҳои хунин табдил ёфта, тақдири қавму миллатҳои он дар пешоруи таърих қарор дорад. Аз ин лиҳоз дар суханронии худ Пешвои миллат, муҳиарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи маҷмаи умумии созмони миллали муттаҳид қайд карданд, ки “ҷомеи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад”
Тазаккур бояд дод, ки агар вазъи ин минтақа дар ин ҳолат давом ёбад, пас хулоса кардан мумкин аст, ки терроризми баналмиллалӣ ва хатари он бештар меафзояд. Аз тарафи дигар маҳдудиятҳои ҷоринамудаи толибон нисбат ба занон, тарсу ҳарросе, ки толибон ҷорӣ намудаанд ва тазоҳуроте, ки ҳазорон зану мард дар шаҳрҳои бузург барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, инфиҷор, ихтилоф ва одамрабоӣ, аз маҳалли зисти доимии худ куч бастани мардум ба ҷойҳои дигар худ нишонаи вазъи имрузаи Афғонистонро баръало нишон медиҳад ва тамоми мардум шоҳиди ин воқеаҳо мебошанд. Гузашта аз ин ба ҳама маълум аст, ки гуруҳҳои террористии байналмиллалӣ дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфтаанд ва миёни ин гуруҳҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ зиёд мебошанд. Толибон мисли дигар гуруҳҳои террористӣ ҳамчун гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ мебошанд ки аз ҷониби СММ ва дигар кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчун гуруҳи террористӣ дониста шудааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои пайдарпйи худ борҳо таъкид кардаанд,ки мардуми Афғонистон имруз ба даҳшат ру ба ру шудааст ва мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил карда шудааст.Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накардааст ва дар оянда ҳам намекунад. Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар мавқеи хеш устувор хоҳем монд. Як чиз хеле муҳим аст, ки беш аз фоизи аҳолии ин кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд ва дигар қавмҳои ин кишвар ҳуқуқ доранд, ки дар сохтани давлатдории ин кишвар саҳми худро гузошта тавонанд.
Зеро Тоҷикистон дар самти сулҳ ва зарурияти он таҷрибаи беҳамто дорад ва дар оянда бо мақсадҳои неки ҳамсоягӣ сиёсати худро метавонад давом диҳад.
Муродбекова М.Ҳ.-мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дотсент