ҲАЛЛИ ФОҶИАИ АФҒОНИСТОН – ТАШКИЛИ ҲУКУМАТИ ҲАМАШУМУЛ

Масъалаи Афғонистон ё худ бӯҳрони Афғонистон  ин натиҷаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат қавмҳои гуногуни дохилӣ, минтақавӣ, байналмиллалӣ мебошад. Ҳарчанд, ки он дар сарзамини Афғонистон  рӯй дода истодааст он дар асл бӯҳрони минтақавӣ ва байналмиллалист.

Фоҷиае, ки дар Афғонистон рӯй дода истодааст ба тағирёбии муносибатҳои умумиҷаҳони оварда расонид. Дар чандин солҳои охир «Толибон»  дар рӯйхати гурӯҳи  террористии СММ, ИМА, СҲШ ва СААД ҷойгир шуда буд ва фаъолияти он мамнӯъ эълон шудааст. Аммо имрӯзҳо аз ҷониби кишварҳои алоҳида мақсади эътироф намудани Аморати исломии Афғонистон намудор шуда истодааст.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавқеи «назоратиро» қарор додаанд.  Мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои  ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии СММ дар пешбурди ин раванд ҳастем.

Дигар ин, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқиёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмиллалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамалакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.  Ягона давлате, ки мавқеи худро доир ба қазияи Афғонистон баён намуд Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи Созмони Миллали Мутаҳид қайд намуданд, ки  ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳрасти гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти СММ қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.

Аз сӯи ҳаракати «Толибон» иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон  қатъият маҳкум менамояд

Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.

Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама кишварҳои ҷомеаи Афғонистон  аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он  кишвар дониста мешавад.

Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин борем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.

Дар суханронии худ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Пешвои миллат, Асосгузори суҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрони сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, таъкид доштанд, ки вазъияти мураккаби Афғонистон ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳони табдил меёбад.

Мавқегирии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мавқегирии мутамаддини   инсони аҳамияти зиёдро  дорад. Аз назари ҳуқуқи башарӣ бошад мавқеи Тоҷикистон куллан дуруст буда ба усулҳои ҳуқуки байналмиллалӣ содиқ аст.

 

Абдуллоев О.О.- дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

 

You might also like