Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оиди вазъи дар Афuонистон ба миён омада ва ҳалли он пурра дастгирӣ менамоем.
Аз тарафи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз бист соли охир аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид карда шудааст. Вазъи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад.
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ аз аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш дорем, ки ба ҳалли ин масъала то андозае бетарафӣ зоҳир накунанд.
Аз тарафи Пешвои миллат таъкид карда шудааст, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Мо устодон ин нуқтаи назарро пурра дасгирӣ менамоем.
Мо устодон инчунин навори телевизионии Эронинтернешналро оиди он, ки 80 хонаводаи паноҳҷӯи Афғонистон пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон мақомоти тоҷик онҳоро гуё фиреб дода, ба нимҷазирае дар байни Омӯдарё оварда бесаробон гузоштанд, пурра маҳкум мекунем. Ин навор ба ҳақиқат мувовиқат намекунад.
Пештар вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода эълон карда буд, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон 80 оилаи муҳоҷир ҳузур дорад ва Тоҷикистон ба сабаби надошти зерсохторҳои қабули муҳоҷирон наметавонад аз онҳо пазироӣ кунад.
Хулоса, мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ талаб менамоем, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯш набошанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ташаббус нишон диҳанд.
Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ