ТОҶИКИСТОН ТАРАФДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР ВА МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ки 30 сол сипарӣ шудааст, дар минтақаи Осиёи марказӣ яке аз даввлате дар таъмини сулҳу субот ба ҳисоб меравад.
Ҳодисаҳои солҳои 1991 руҳдода дар Тоҷикистон, исбот намуд, ки дар ҳолати саривақт пеша накардани амалҳои ношоистаи гурўҳҳои зиддӣ сиёсати давлат ба кишвар ва аҳолӣ таъсироти манфии худро расонида ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ хароб мегардад.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати мси ллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар кишварамон доимо сулҳу субот, тинҷию оромӣ бошад.
Тоҷикистон оиди ҳодисаҳои дар қаламравӣ Ҷумҳурии Афғонистон руҳдода бетараф набуда, балки амалҳои ношоистаи гурўҳи толибонро, ки бо амалҳои ношоиста соҳиби давлат шудаанд, маҳкум медорад.
Ин ҳолатро фаҳмида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нашуда, кўшиш намуда истодааст, ки роҳи ҳалли ин муамморо дарёф намояд.
Тавре аз расонаи расмии АМИТ “Ховар” маълум гардид зимни ташрифи расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон дар масъалаи Панҷшер ва тоҷикони Афғонистон шуълаи умед бахшид. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон Тоҷикистон ва Покистон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар баробари ин масъалаи мазкур дар вохӯрии сарони кишварҳои узви ОДКБ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ гардида, дар масъалаи баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мусоидат хоҳад кард.
Чунин амалҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳалли худро гардад.
Ҷолиби қайд аст, ки мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаи Афғонистон аз рӯи принсипи адолату бародарӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо гузошта шуда истодааст.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳалли масъалаи мазкур батарафӣ зоҳир накарда, баръакс кўшиш намуда истодаанд, ки то тавонад дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ин муаммо ҳалли худро ёбад.
Орипов А.А. – н.и.и., декани факултети “Баҳисобгирӣ ва андоз”-и ДДҲБСТ