Пешвои миллат-ташаббускори сулҳу ваҳдат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Пешвои миллат дар ҳалли масъалаи қазияи Афғонистон борҳо дар баромадҳои худ ишора карда буданд, аммо сад афсӯс, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сар аввал ба ин масъалаи зикршуда қариб, ки бетарафии худро нишон доданд.

Сафари расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаи Панҷшер дар дили мардуми тоҷикони Афғонистон як навъ шӯълаи умед пайдо намуд.

Баъди мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон, Тоҷикистон ва Покистон ба анҷом расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни тоҷикони Афғонистон ва “Толибон” мусоидат хоҳанд намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд, ки барои аз байн бурдани низоъ ва зӯроварӣ дар вилояти  Панҷшер, барои эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардустона ба мардуми ин сарзамин ва вазифаи муҳимтарини имруза аст.

Изҳороти Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозиву дастгирӣ пайдо кард.

Ин як комёбию муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи Панҷшер ва тоҷикони кишвари Афғонистон ҳисобида шуд.

Ин боз як иқдоми сулҳҷӯёна ва ваҳдатофарини Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад.

Ато Мирхоҷа-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дуруст қайд кардааст, ки Пешвои миллат дар баромади худ нотарсона, ҷасурона ва сарбаландона барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар анҷуману ҳамоишҳои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтар, барои ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи тоҷикони Афғонистон нигаронида шудааст.

Адибаи Хуҷандӣ низ, дар навиштаҳои худ аз кору пайкори Пешвои миллат ва дастгирию хурсандии мардуми Афғонистон ва тоҷикони он, эҳтирому ихлосу меҳр ва умеду орзуҳои нав дар дилашон пайдо шуда, арзи сипос намуданд, ба Пешвои миллат.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар шабакаҳо аз ин иқдоми сулҳпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди он, ки сарони кишварҳои узви ОДКБ ва Созмони Шанхай барои ҳалли масъалаи Афғонистон, кам эътибор доданд ва шоми 17-сентябр Пешвои миллат тавонистанд, бо Сарвазири Покистон Имрон Хон ба ҳадафҳои сулҳпарваронаи худ расиданд.

Пешвои миллат тавонистанд, Имрон Хонро бо баргузор намудани музокироти байни “Толибон” ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар Ҳукумати нави Афғонистон як мавқеи калидӣ пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмҳои сокини ин давлат мусоидат карданд.

Ин дастовард, баъди амалӣ гаштанаш, албатта бисёр вазнин аст, ин ба неруҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер, як қувва мебахшид.

Гуфтан ба маврид аст, ки муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчун ҳомию дастгирии манфиатҳои тоҷикони Афғонистон дониста шуда, як иқдоми сулҳпарваронаи музокироти сатҳи олии ду давлати ба ҳам дӯст шуморида шудааст.

Сарвазири Покистон Имрон Хон, баъди анҷоми музокирот, дар нишасти хабарӣ низ қайд намуд, ки ин масъалаи қазияи Афғонистон моро низ бетараф намегузорад, махсусан низоъ дар Панҷшер байни тоҷикон ва “Толибон” мебошад ва мо бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби тоҷикон ва ман аз ҷониби паштунҳо, ё “Толибон” кушиш намуда, оиди масъалаи Панҷшер бо роҳи музокирот ҳаллу фасл намуда, ба муваффақият расонем, ҳар ду тарафро яъне, мо бо Ҷаноби Олӣ кушиш мекунем, ки оиди масъалаи Панҷшер ва тоҷикони он, низоъ байни “Толибон” бо роҳи сулҳомез ба мақсадҳои худ бирасем, ки ин ҳадафи асосии мо мебошад.

Нурмаҳмадов Ю.Ш.-дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like