Саҳми Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот дар минтақа
Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар ҷомеа неруи созандае рўи кор оранд. Ин аст, ки мардуми кишвар дар атрофи ў муттаҳид гардида, ба неруи бузурги созанда табдил ёфт. Аз рузҳои аввали ба сари қудрат, расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини осоиштагии мардумро ҳамчун вазифаи худ, Пешвои миллат таъсиси давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ягонагии мамлакат, хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот, баргардонидани муҳоҷирон ба ватан, расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини осоиштагии мардумро ҳамчун вазифаҳои таъхирнопазир ва аввалиндараҷа ба миён гузоштанд.
Чи тавре, ки таърихи давлатдорӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама шаклгириву пойдоргардии ниҳодҳои сиёсии созанда, низоми сиёсии устувор нақши муҳим ва бунёдиро дорост. Илова бар ин, аз таърихи руши ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки маҳз аз фаъолияти шахсиятҳои бузург, ки аз миёни мардум рўи майдон меоянд, таҳти рушди солими ҷомеа шакл мегирад. Вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини худро Пешвои миллат таъмини сулҳу субот дар кишвар мебинад. Ин салоҳияти Президент аз ҷой ва мавқеи конститутсионии он дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бармеояд. Салоҳияти Президент асосан дар моддаи 69 Конститутсия ва баъзеи моддаҳои дигар ва қонунҳо муқаррар карда шудааст.
Ваколатҳои конститутсионии Президентро шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо кардан мумкин аст. Намояндагии Тоҷикистон ва сиёсати беруна: Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Дар хусуси намояндагии Президент дар дохили кишвар бояд қайд кард, ки ба Тоҷикистон мунтазам меҳмонони хориҷӣ ба сифати гуногун ташриф меоваранд. Аз рўи вазъу мақомашон онҳоро Президент пазироӣ мекунад, гуфтушунидҳо мегузаронад ва созишномаю шартномаҳо мебандад. Ҳамчун рамзи Тоҷикистон Президент бояд дар ин вохўриҳо манфиатҳои Тоҷикистонро ҳифз намояд. Дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо Президент равобитҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ мемонад.
Инчунин ў на фақат дар муносибат бо дигар давлатҳо, балки бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Дар ин хусус иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлисҳои солонаи Созмони Миллали Муттаҳид, ташкилоти оид ба бехатарӣ ва амнияти Европа, конференсияи исломӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ равшан шаҳодат медиҳад.
Президент ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд. Бо қарору созишномаҳои байналмилалӣ имзо мегузорад ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳо хориҷӣ, намояндагии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул мекунад.
Президент кафили Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, давомот ва пойдории давлат, фаъолияти мутобиқгардида ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, риоя гардидани аҳдномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин Президент дар таъмини амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат, ташаккул ва рушди сулҳу субот дар ҷаҳони муосир нақшу манзалати муҳим дорад.
Раҳматова З.М. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ