МАВҚЕИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БА ҲОДИСАҲОИ АФҒОНИСТОН
Ҷавонон дар ҷомеа яке аз табақаи аҳолии фаъол ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки нисбати ҷавонон таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, нисбати шомил нашудани онҳо ба ҳаргуна гурўҳҳои зиддитеррористию экстримистӣ ва дигарҳо чораҳо андешида истодаанд.
Беҳуда нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба масъалаи фаъолияти ҷавонон таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, бо онҳо вохўриҳою форумҳо бавргузор намудаанд.
Тавре маълум аст, сани 21 майи соли 2021 дар Коҳи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдавти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рўзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Дар чорабинии мазкур аз тамоми шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷавонони фаъолу болаёқат ҷамъ омада буданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишварамон таҳлили дастовардҳи соҳа давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баён намуда барои ҳалли мушкилотҳои минбаъда фикру пешниҳодҳоро баён намуд.
Умуман, ҷавонони тоҷик солҳои охир дар таҳкими сулҳу суцбот ва оромии кишвар саҳм гузошта ва ба даъвати аскарӣ фаъол мебошанд. Дар хизмати ватан бетараф набуда сафи хизматчиёни ҳарбӣ торафт афзун шуда истодааст.
Дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар бошад ҷавонон гурўҳҳои фаъолонро ташкил намуда, дар байни ҷомеа нисбати ҷавонон корҳои фаҳмондаҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳодисаҳои дар қаламрави Афғонистон руҳ дода, донишҷўёни ДДҲБСТ бетараф набуда, балки онро маҳкум медоранд. Мавқеи худро нисбати ҳодисаҳои руҳдода бо роҳи баромадҳо дар ҳаргуна чорабиниҳо, аз он ҷумла мизҳои мудаввар ва конференсияҳо норозигии хешро изҳор медоранд.
Ҷолиби қайд аст, ки гурўҳӣ ҷавонони фаъол дар байни ҷавонон нисбати шомил нашудани онҳо ба ҳар гуна гурўҳҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ корбарӣ намуда истодаанд.
Умуман, ҷавонони Тоҷикистон дар пешравии иқтисодиёт ва сиёсати давлат фаъол буда, саҳми арзанди хешри нисбати рушди Тоҷикистон гузошта истодаанд.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсенти ДДҲБСТ