Иззат Амон танҳо барои қаллобӣ ҳабс шудааст

Халқи тоҷик дорои фарҳанг, таърих ва маданияти бой мебошад, ки назирашро  кам андар кам халқҳои ҷаҳон дорад.

Ба гузаштагони бо нангу номуси худ назар андозем метавонем мисолҳо оварем, ки абармардони зиёде баҳри баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллати худ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Агар ҳазору сад сол қабл барои обрӯву нуфузи миллати тоҷик  Исмоили Сомонӣ  талошҳои зиёде карда номи худ ва мардуми тоҷикро дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт карда бошад,  ҳоло талошҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона  мардуми тоҷикро боз дар  арсаи ҷаҳони маълуму шинохта намуданд.

Аммо имрӯз бархе аз нафароне ҳастанд, ки бо кирдорҳои ношоистаи худ ба миллати тоҷик иснод оваранд.

Мо Холов Иззатулло Амонович (Изат Амон)-ро мисол оварда метавонем, ки бо кирдорҳои ношоистаи худ амалҳои ғайриқонунӣ аз қабили қаллобӣ номи мардуми тоҷикро дар давлатҳои хориҷа олуда месозад.

Яке аз воситаҳои таъминоти моддии шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ буда, ҳазорҳо нафар шаҳрвандон бо умеди дарёфти ризқу рӯзи ба Федератсияи Русия сафар мекунанд.

Чунин одамон аз вазъияти мушкили муҳоҷирон истифода бурда бо роҳи фиребу дурӯғ он маблағҳое, ки бо машаққати зиёд шояд барои табобати волидайни бемор ва ё бо умеди хонадор намудани фарзанд ҷамъоварӣ намудааст тасарруф мекунанд ва барои манфиати худ истифода мебаранд.

Амалҳои ношоистаи чунин шахсон сабаб мешавад, ки шаҳрвандони Федератсияи Руссия нисбати  кирдору рафтори  муҳоҷирони тоҷик хулосаи нодуруст мебароранд.

Аз расонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамгон шоҳиб гардидем, ки баъди баррасии тӯлонӣ санаи 19 октябри соли 2021 Иззам Амон бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндонӣ маҳкум карда шуд.

Вале аз ин вазъият истифода намуда, хинони миллат ба монанди С.Садриддин, Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев ва чантои дигар, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд мехоҳанд мардумро зидди Ҳукумат равона намоянд. Бо гуфти онҳо гӯё Иззат Амон бегуноҳ бошад. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд мардумро зидди давлат равона намуда, дар ҳар ҷо митингҳо ташкил намоянд. Мо митингҳои онҳоро дар Аврупо дидем, ки танҳо шаш нафар мебошанд. Ҳамон ҳам се нафаре, ки ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо сиёҳ кунии Тоҷикистон машғул мебошанд ва се нафари дигари бо чеҳраи аврупоӣ, ки шояд онҳо аз ин корҳо ягон хабаре ҳам надоранд ва танҳо барои маблағ суратҳоро бардошта истодаанд тамом.

Ҳамагон шоҳид ҳастанд ва медонанд, ки Иззат Амон аз ҷониби суд танҳо барои қаллобиаш ҳабс карда шудааст, на барои фаъолияти сиёсии ӯ. Ӯ аслан ягон фаъолияти сиёсӣ ҳам надошт.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи моро мебояд то ба суханҳои ин, хоинони миллат ҳаргиз бовар накунем ва ба корҳои ҷиноятӣ бо ҷалби ин хоинон даст назанем. Баробари ин, ба он наздиконе, ки дар муҳоҷират қарор доранд фаҳмонем то фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин ватанфурӯшон нагарданд.

Дар охир аз номи шоир гуфтанием:

Ҷавонмардо ҷавонмардӣ биёмӯз.

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз!

 

Исоқов М. – дотсент, муовини декан оид ба

тарбияи факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

 

You might also like