Эмомалӣ Раҳмон ва муарифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самти муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пиёда сохтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир аст. Нахуст Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати хориҷиро муайян намуда, баҳри боло бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ хизматҳои шоиста намудааст.

Ҷиҳати ҳалли масоили глобалии ҷаҳонӣ пайваста ташаббус ва пешниҳодҳое менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазироӣ мегардад. Ҳамчунин, яке аз хизматҳои шоистаи Президенти мамлакат ин муаррифии таъриху тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик,  саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Сафари навбатии расмии Пешвои муаззами миллат ба Ҷумҳурии Фаронса низ идомаи сиёсати хирадмандонаи ӯ буда, зимни сафар дар Фаронса Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад. Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд, дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса ва рушди сайёҳи саҳм гузоранд.

Ҳамчунин зимни сафари корӣ мулоқоти сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ва мулоқот бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше баргузор гардид. Дар мулоқот муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон ва таҳдиди он ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа баррасӣ гардид.

Гуфтаҳои боло далели онанд, ки Пешвои муаззами миллат пайваста баҳри боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, ҳифзи манфиатҳои олии давлату миллат, ба роҳ мондани муносибатҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ талош меварзанд. Аммо баъзе аз душманони миллат пешрафти Тоҷикистонро чашми диданӣ надошта, бо суханпардозиҳои худ мехоҳанд обрӯву нуфузи Тоҷикистонро паст зананд. Бо суханҳои беасосу дурӯғи худ, берун аз Тоҷикистон истода, айбҷӯӣ менамоянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳои беасоси худро ҷой дода, бо ин роҳ мехоҳанд мардуми кишварро раҳгум созанд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки ягон шахс ё гурӯҳ амалеро бе манфиат ба ҷо намеорад. Он шахсоне, ки имруз номардона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна таҳлилҳои беасос менамоянд, манфиатҳои худро доранд. Онҳо ба манфиати хоҷагони худ хизмат намуда, ҳар гуна суханҳои беасос ва таҳлилҳои дуруғинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд.

Мо мардуми Тоҷикистон ба ин гуна шахсони хиёнаткор, ки имрӯз ба халқу давлат хиёнат менамояд гуфтанием, ки мардуми Тоҷикистон дубора ба доми онҳо гирифтор намешавем. Тоҷикистонро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш ба сӯи қуллаҳои баланди инкишоф мерасаонем.

 

Ҳошимова Н. – сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like