ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ҒАРБУ ШАРҚ
Санаи 10 уми октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия, санаи 12- уми октябр ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварда, санаи 13 октябр бо Президенти он ҷо Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд, ки ин боиси хушнудӣ буда, ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардид.
Сарони ду давлат бо нигораҳои нодир шинос шуданд. Президенти мамлакат таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони барӯманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдории тоҷикону Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Мардуми Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд. Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни қадима ва санъати миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигор аз осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи халқи тоҷик ба мардуми аврупо нишон дода мешавад. То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад. Баргузории намоиши осори қадимаи тоҷикон дар пойтахти давлати Фаронса бори дигар нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи давлатҳои Ғарб нисбати таъриху фарҳанги давлати тоҷикон хело калон буда ва ба он бо эҳтироми калон муносибат мекунанд, ки онҳо сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда ва барои ҳамкорӣ кардан дар соҳаҳои гуногун хоҳиши худро баён намуданд.
Чунин вохӯрии Пешвои миллат бо роҳбарони давлатҳои Аврупо бори дигар нишон дод, ки он даъвоҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ асоси воқеӣ надоранд. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш намуда истодаанд, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон ва роҳбари давлатро бадном намуда, сиёҳ намоянд, аммо чунин даъво ва изҳороти ҲНИ асоси воқеӣ надошта, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ки мавқи худро дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир пойдор намуда, боиси дастгирии онҳо гарданд.
Баргузории мулоқотҳои Пешвои миллат бо роҳбарони давлатҳои Белгия ва Фаронса нишон медиҳад, ки мавқеи Тоҷикистон дар байни давлатҳои Аврупо мақоми арзандаро ишғол намудааст ва даъвоҳои ҲНИ ҳеҷ гуна асоси воқеӣ надоранд ва онҳо аз ҷониби давлатҳои ҷаҳони муосир дастгирӣ пайдо нахоҳанд кард. Ҳамзамон имрӯз Пешвои муаззами миллат муаррифгар ва пуштибони ҳама форсизабонони ҷаҳон мебошанд.
Миралиева М. – Асистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ