Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

«АГАР ТЕРРОРИЗМ БАД БУД, ПАС ЧАРО ИМРӮЗ ЯКБОРА ТАЪРИФАШ ДИГАР ШУДААСТ?!

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаи Афғонистон пурра дасгирӣ менамоем.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли равон  зимни суханронӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд мебошад.

Инчунин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории  ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, таъкид доштанд, ки «вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад».

Ин суханҳоро мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ пурра ҷонибдорӣ менамоем.

 

Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like