Тавофуқоти Тоҷикистон ва Покистон дар ҳалли масъалаи Панҷшер ба тоҷикони Афғонистон шӯълаи умед бахшид
«Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки Тоҷикистон ва Покистон барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид.
Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоя кишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдоранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
«Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.
Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
«Сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.
Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бешатар аз худ боварӣ ва эътимод дорад.
Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан Пешвои барҳаққи миллат будан.
Хоҷаева М. И.- н.и.и.,дотсент,
мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ