ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ СУЛҲПАРВАР ВА СУЛҲОВАР!

Хабарҳои Рӯзҳои охир хабари сар задани  ҷанг байни Толибон ва мардуми тоҷиктабори Панҷшер  боиси хатарҳо ба давлати мо мебошад, шунида хеле нороҳат гаштам.

Масъалаи марзӣ дар ҳама давру замон яке аз масоили ҳассоси миллӣ ба шумор рафта, ҷиҳати  ҳалли одилонаи он барои ҷонибҳо пеш аз ҳама таҳамулпазирӣ ва шинохти манфиатҳои тарафайну эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар муҳим  мебошад. Нодида гирифтани манфиатҳои тарафайну якҷониба муносибат кардан ба масъалаи марзӣ метавонад фоҷеаи бузургеро ба вуҷуд орад.

17 сентябри 2021 пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои  глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доранд.

Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «мо мехоҳем Афғонистонро озод аз терроризм ва маводи мухаддир, як кишвари амну осоишта ва рӯ ба рушд бубинем. Бар инем, ки низоми сиёсии Афғонистон бар асоси раъйи озоди мардумаш ва бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ шакл бигирад. Бор кардани низоми сиёсӣ бар сари Кобул бидуни ризоияти мардуми Афғонистон, ки аз қавмҳои мухталиф иборат аст, авоқиби ногувори бузургеро дар пай хоҳад дошт».

Тайи ҷанги дохилии қариб 50-сола, Афғонистон ба майдони бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст, ки натиҷаҳояшро ҷаҳон дар намунаи ҳаводиси соли 2001 дид ва такрори онҳо истисно нест. Аз ин хотир ҷаҳон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон ва ҳамсояҳояш бетараф бошад, ки маҷбуранд, аз мушкилоти низомиву башарии дар пайи хуруҷи эътилофи ғарбӣ ба амаломада бигзаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд ки, Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, назири СММ, Салиби Сурх ва дигарон муроҷиат кардааст, то ёрии таъҷилии худро ба мардуми Афғонистон, ба шумули вилояти Панҷшер, ки аз ду моҳ ба ин сӯ дар муҳосира қарор дорад, бирасонад.

Мо итминони комил дорем, ки ақли солим боло мегираду Толибон ба сулҳу субот бо дигар қавмҳои давлати авғон розӣ шуда, давлати ҳуқуқбунёд ва дунявиро барпо мекунанд.

Бобоев А.Х. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like