ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲ ДАР ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР ВА ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН
Дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон (17.09.2021) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд: «Мо таъкид кардем, ки ба ҳамкориҳои шарикӣ дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома мебахшем.
Зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати мо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад.
Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад. Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.
Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.
Дар соли оянда ба барқарорсозии равобити дипломатии Тоҷикистону Покистон 30 сол пур мешавад. Мо бо Ҷаноби Олӣ Имрон Хон ба мувофиқа расидем, ки ин санаи муҳимро бо баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи муносиб таҷлил менамоем».
Дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ (18.09.2021) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд: « Мо, бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза, муҳим будани ҳамкориҳоро дар соҳаи амният таъкид намудем. Дар ин зимн, вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт. Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем. Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд. Ҳамзамон бо ин, мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем. Мавриди зикр аст, ки дар музокироти дирӯза бо ҷониби Покистон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Зимнан итминон ҳосил гардид, ки сулҳу суботро дар Афғонистон метавон фақат бо ҳамин роҳ таъмин кард. Инчунин, ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд. Дар ин замина мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар намуда, ба баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат намоем. Мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад. Риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист. Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд. Мо – Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем. Боз ҳам таъкид карданиам, ки афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад.
Нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.»
Ба ақидаи мо имрўзҳо вобаста ба тақдири афғонистон, бахусус бошандагони дараи панҷшер, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои сарчашмаҳои расмӣ тоҷикон мебошанд пешвои муаззами миллат эмомалӣ раҳмон бетараф набуда, дилсўзии хоса зоҳир намуда истодаанд, ки ин бешак ин марди майдонро ҳамчун пешвои тоҷикони ҷаҳон эътироф намоем.
Ба Мувофиқа расидан бо сарвазири Ҷумҳуриҳои Покистон Имрон Хон доир ба баргузории музокироти тоҷикони Афғонистон ва толибон дар Душанбе муваффақияти беназир аст, чунки дар натиҷаи он ҷони ҳазорҳо-ҳазор мардуми бегуноҳи Афғонистон дар амон хоҳад монд. Ташкил ва баргузории музокироти мазкур маънои ба расмият шинохтани ҳокимияти толибони ҷоҳилро надорад, ин фақат бо мақсади истиқрори сулҳ дар ин кишвари ҷангзада мебошад.
Дар асоси маводҳои дастрас вобаста ба вазъи Афғонистон мо ба чунин хулоса омадем
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар Душанбе (17, 18.09.2021) ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли қазияи Панҷшеру Афғонистон якҷоя кор кунанд;
– ҷониби Душанбе барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳалл гардад;
– Мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат оиди масъалаи Афғонистон аз рӯи принсипи адолату бародарӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо гузошта шудааст
– Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо оиди масъалаи доғи Афғонистон аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳоинро аз хатари сар задани низои ҷадиди дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд;
– Аз мавқеи расмии Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифин ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо ғашашон меояд, бинобар ҳамин дар расонаҳои ахбори омма хабарҳои бардурўғ, иғвоангез, тўхматҳои гуногунро нисбати Тоҷикистон, тоҷикистониён пахш мекунанд;
-Онҳо (ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо) аз нияти ғуборолуд намудани фазои ороми сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст накашидаанд, бинобар ҳамин ҳар як фарди ватандўст бояд ҳушёрии сиёсиро нигоҳ дошта, ба иғвоҳои гурўҳҳои дар боло номабар карда шуда бетараф набошанд.
Пўлотов К.И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ