ТОҶИКИСТОН ХОҲОНИ СУЛҲ ДАР АВҒОНИСТОН
Санаи 17 сентябр дар як нишасти матбуоти пас аз музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Имрон Хон ба мувофиқа расидаанд, ки дар гуфтушуниди байни Толибони радикал ва Ҷабҳаи Муқовимати Миллии муқими Панҷшер дар Душанбе мусоидат кунанд.
Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ иброз доштаанд, ки “Барвақт бартараф кардани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер бо эълони оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии минтақа аз муҳимтарин вазифаҳои имрӯза мебошад. Тоҷикистон ва Покистон тавофуқ кардаанд, ки тамоми талошҳоро барои расидан ба ин ҳадафҳо равона кунанд. Мо розӣ шудем, ки дар Душанбе гуфтушуниди Толибон ва тоҷиконро осон кунем”
Чи хеле, ки ба мо маълум аст аз оғози чунин ҳолат дар кишвари ҳамсоя Пешвои муаззами мо Э.Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро муайян намуда буданд ва дар як мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ дар бораи муносибати худ ба рӯйдодҳои кишвари ҳамсоя 25 август муфассал сухан гуфтанд: “Далелҳо возеҳ нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати муваққатӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст мекашанд ва барои таъсиси аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.”
Ба гуфтаи Пешвои миллат, дар кишвари ҳамсоя “бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон ҳукумати фарогир фароҳам овардан лозим аст.” Раҳмон ҳамчунин афзуд, Душанбе расман ҳукуматеро эътироф намекунад, ки бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон ташкил карда шавад. “Бепарвоии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи Афғонистон метавонад ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ оварда расонад”.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ба миён овардани сулҳ дар Афгонистон аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳоинро аз хатари сар задани низои ҷадиди дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода истодаанд, зеро мардуми шарафманди Тоҷикистон чунин рўзҳои доғдорро аз сар гузаронидааст. Маҳз кўшишҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат буд, ки шаҳрвандони мо муттаҳид гардиданд, ҷавонон ҳушёртару зирак гардида мақсаду мароми ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро имрўз дуруст дарк менамоянд, Тоҷикистон рўз аз рўз гул гул шукуфон гардида сатҳи иқтисодивў иҷтимоии кишвар нисбат ба солҳои ҷанг садҳо маротиба беҳтар гардидааст.
Аммо набояд фаромўш кард, ки душманони миллату мардуми мо ҳоло ҳам кўшишҳо ба харҷ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу амниятро халалдор созанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз мавқеи расмии Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифин ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо ғашашон меояд.
Раҳмонов М.М.-Сармуаллими кафедраи кори бонкӣ